Буҷаи давлат тибқи нақша иҷро нашуд, ним миллиард сомонӣ кам аст

Акс аз Asia-Plus

Буҷети давлати Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо камбуд ва норасоии маблағ мувоҷеҳ шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik” бо такя ба иттилооти вазорати молия хабар дод.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарияш гуфта, ки дар шаш моҳи гузашта ба буҷа 462,3 миллион сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам маблағ ворид шуд. Ба иттилои манбаъ, нақшаи даромади буҷа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои воридот дар сатҳи 95,5% иҷро шуда, ба буҷа 9,8 миллиард сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба соли гузашта камтар мебошад.

“Иҷрои қисми даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 93,3 фоизи нақша  таъмин гашта, ба буҷа 4,5 миллиард сомонӣ ворид гардид. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 331,4 миллион сомонӣ кам мебошад”, -афзудааст, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.

Вазири молияи Тоҷикистон ҳаҷми маблағи вориднашуда ба буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввалро нагуфт ва инчунин аз кадом ҳисоб ва ё манбаъ пур нашудани онро шарҳ надод. Ба иллати ҳамин коҳиши даромади бюҷети давлатӣ аст ки қисми зиёди буҷахӯрони кишвар ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд ва гурӯҳҳое аз онҳо амсоли устодони донишгоҳҳо ва табибонро музди камтар додаанд.

Мақомот таъсири вируси короно ба ҷамъоварии маблағ ба буҷетро сабаб пеш меоваранд. Ин дар ҳолест, ки дар давраи ин вирус ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ҳама корхонаҳои кишвар фаъолият мекарданд, ба ҷуз шуморе аз бозорҳо ва фурӯшгоҳҳо.

Коршиносон ва таҳлилгарони умури иқтисодӣ бар ин боваранд, ки иллати аслии коҳиши даромад ба буҷет ин ба коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз Русия рабт дорад, ки дар ин давра беш аз 50% коҳиш пайдо кард. Аммо ба назари ин коршиносон таъхир дар пардохти маош ва қисман коҳиш додани он ва ё ба рухсатии бемузд фиристодани кормандони буҷетӣ аз тарафи давлат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад далели кам нишон додани буҷа бишавад. Зеро агарки 462 миллин сомонӣ ва ё чизе бештар аз 45 миллион доллар буҷети мамлакат зарар дида бошад, аммо дар ҳамин давра аз тарафи муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва махсусан Сандуқи байналмилалии пул ду маротиба бештар аз ин рақам маблағ мустақиман барои кумак ба буҷети давлат ворид шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.