27.9 C
Dushanbe

Бӯи беҳбудӣ нест

Ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон ва даъвову тавсияҳои Раҳмон мардумро бештар ноумед кардааст. Ин бори аввал нест, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз халқи Тоҷикистон воқеиятро пинҳон медорад ва дурӯғ мегӯяд.

Тамоми моҳи ноябр аҳолии Тоҷикистон, ки умдатан дар деҳот ба сар мебарад на танҳо рӯзона, ҳатто шабона ҳам аз қувваи барқ, яъне рӯшноӣ ва гармӣ маҳрум буд. Рӯшанӣ ва гармӣ дар Тоҷикистон то омадани Раҳмон ба сари қудрат буд. Мардум мушкил надошт, давлат таъмин мекард. Қувваи барқ ҳайкали Исмоили Сомонии “дубликат”-у бо қошу қавораи Раҳмон нест, ки Раҳмон сохта бошад. Вай буд ва дурдасттарин деҳоти кишвар аз он истифода мекард.

Ин раиси ҷумҳурии феълӣ аст, ки на як бору ду бор, садҳо маротиба воҳима карду лента бурид, ки фалон-фалон нерӯгоҳи барқӣ сохту ҳоло боз сохтанист. Аммо ҳоло мардумро таҳдид карда истодааст, ки агар барқро сарфакорона истифода накунед, намедиҳаму боз лимит ҷорӣ мекунам. Ҳоло дигар ҳарфи афсонаву ҳарфи итмоми лимитро, ки ҳамин се соли пеш гуфта буд, аз ёдаш бурд. Аммо, нерӯи барқ чӣ аст, ки онро мардум исроф мекарда бошад? Халқи одӣ на танҳо нерӯи барқ, ҳатто як чингаву резаи тагдаргиронӣ, як дона таппак, як кило ангишти месӯхтаашро бе онки раисҷумҳур бигӯяд, сарфа ва эҳтиёткорона сарф мекунад.

Нерӯи барқ, як чизе набошад, ки гираду паноҳ ва дар ҷое захира ва анбор кунад. Ҳисобкунак кор карда истодааст. Пул мезанад, пули онро пардохт бояд кард. Пас, саволеро, масъалаеро, муодилаеро, ки ҷавобашро ҳалашро, ҳисобашро медонӣ, чаро барои мардум мегӯӣ? Ба назар мерасад, ки фардо пасфардо ҳаминро баҳона месозед, ва чанд рӯз пас мегӯед сарфа накардед, оби анбор тамом шуд, илоҷамон намонд, боз режиму лимит кардем? Яъне пешопеш худро “оправдат” карда истодаед?

Агар захираи об басандаву кофист, чаро бояд зарурати маҳудияти интиқоли қувваи барқ пеш ояд? Конҳои ангишти мамлакат дар дасти ширкати “Фароз”, Бег Сабур, Ҳасан Асадуллозода ва дигар аъзои хонаводаи худи Раҳмон аст. Аҷиб аст, ки Канте ё Зиде ва Назарайлоқро маҳз ҳаминҳо бигиранд? То онҳо ҳам ин конҳо буданд ва ба мардум хидмат мекарданд.

Ҳоло чаро бояд маҳз ҳаминҳо конҳоро бигиранд? Ва бадтар ва аламовартар ин аст, ки ҳарҷо, ки пои инҳо расид нархҳо ду ва се баробар баланд мешавад. Чаро? Чаро ин масъаларо Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат баррасӣ намекунад? Мардуми одӣ чӣ месӯзад? Лампочка, бухории барқӣ ва бархеҳо мошинаи ҷомашӯӣ ва термекс. Аз ҳақ набигзарем, ки ҳамин шароитро ҳам ҳадди ақал 30% аҳолии деҳот надорад, албатта ба ҷуз аз бухории барқӣ, ки дорад. Хуб, ҳоло савол инҷост, ки аз инҳо чиро кам кунад? Яъне ба офтобаву дӯлчаву сатил гузарад? Термекс ва мошини ҷомашӯӣ истифода набарад?

Ҳеҷ кас, такрор мекунам, ҳеҷ кас ҳоло дар ин шароити бади иқтисодӣ, як дирамашро беҳуда харҷ намекунад. Акнун, ки чуноне хабарҳо ба мо мерасад, гурӯҳҳои кории ташкилкардаатон аз ҳисоби милисаву ҷамоату боз чанд идораи дигар хона ба хонаи мардум гашта фурӯзонакҳои каммасраф хабар мегирад, барои худ як раҳ савол мекунед, ки барои лампаҳои давраи шӯравӣ ҳам пул месупоранд. Аммо агар истифодаи ин лампаҳо қатаған шуд, чи тавр онҳо дар хонаҳои мардум ва дар истифода аст?

Шумо, инро аз гумрук бипурсед. Аз гумрук ва аз Маҳмадзоири домоди калониатон пурсед, ки чи тавр аз Хитой онро даровардааст? Ва, дигар ин гурӯҳҳои кориву “ҷарима”-ву боз як “приём”-и дигари ғорати халқи бечора. Воқеан ин чи давлат аст, ки медарояду ҳатто лампочкаҳоро хабар мегирад, термексро хабар мегирад, мошини ҷомашӯиро хабар мегирад? Таъминоти бо нерӯи барқи аҳолӣ ин вазифа ва масъулияти давлат аст. Мардум барои масрафаш пул месупорад. Тамом.

Вақте аз гармхонаҳо ва афзоиши онҳо ва сифати кори онҳо дар ҷаласа мегӯед, чаро ба худ савол намедиҳед, ки барои гармхона пеш аз ҳама қувваи барқ зарури зарур аст. Кадом гармхона бо ангишт кор мекунад? Ангишт гарм мекунад, вале равшанӣ намедиҳад ку? Барои гармхона равшанӣ ва нур зарур нест? Бӯи ангишт гармхонаро хароб намекунад?

Хуб, бигзор, ҷудо аз ҳамаи инҳо дар ҳамин рӯзи савгандёдкунӣ нагуфтед, ки мардум барои “Роғун” интихоб кард. Зери қавлатон, ки гуфтед лимит афсона шуд, чаро мезанед. Марду лафз гуфтаанд, ҳамин тавр не? Агар оби обанбор дар моҳи ноябр кам буд, чаро содироти барқ ба хориҷа маҳз дар ҳамин моҳ ҳудуди як миллион доллар зиёд шудааст? Шумо розиед, ки дурӯғ гӯед ва дурӯғатонро ҳама бидонад, аммо бигзор тиҷорататон, фурӯши қувваи барқ ва даромад аз он ки маълум аст ба ҷайби кӣ меравад, аз равнақ бознаистад.

Мардуми як мамлакат дар сардиву торикӣ зиндагӣ кунад, вале содиркунандаҳо даромад гиранд. Ҳоло ин даромадгирандаҳо киҳоянд, ки моли ҳалоли мутааллиқ ба халқро мисли як дузди зӯр ба зӯрӣ (лимит ҷорӣ карда) кашида мегиранду савдо мекунанд, вале боз ҳам ин халқи бечора таҳдид мешунавад, ки “агар сарфа накардӣ” боз ҳам аз свет маҳрум мешавӣ. Шумо онҳоро хуб мешиносед, ки киҳоянд? Ҳамин тавр не?

Ҳоло агар ҳисобу китоби соли 2021-ро кардеду фаҳмидед, ки “соли бисёр вазнин” меомадааст, пас чиро норасоии барқро пешопеш ҳисобу китоб накардед ва роҳе барои раҳоӣ аз бебарқиро наҷустед? Инки мегӯед замини наздиҳавлигӣ дар назди мардум фулон ҳазор гектар аст ва фулон ҳазор гектори дигар замин дорему бояд дуруст истифода намоем, роҳи чора ва ҳарфе, ки як раиси ҷумҳурӣ бояд бизанад нест.

Бовар кунед, аз тани шумо мо дар ҳамин дуриҳои дур шарм мекунем. Чун, ҳоло медонем, ки як ваҷаб замин дар Тоҷикистон холӣ намемонад, балки дар болои замин ҷанг аст ва худи шумо ҳам шоҳидед, ки аз шумори мансбадорони ҳукумататон чандин сол аст ки аз ҳама зиёд заминсозу раиси кумитаи замину муовини… хулоса, аксарият бо иттиҳоми заминфурӯшӣ, гирифтани пора барои замин дастгир ва зиндон мешаванд. Ин аз чӣ далолат мекунад? Аз он далолат мекунад, ки мардум барои як ваҷаб замин сахт муҳтоҷ аст ва аз кор дар замин зиндагии фақиронаашро пеш мебарад.

Барои онки мардум заминашро кишт кунад солярка кор дорад, барои онки ҳосили бештар гирад, нуриҳои маъданӣ зарурат дорад, барои онки дастранҷаш беосеб самар диҳад об мебояд. Шумо аз ин чизҳо бояд дар муқоиса бо Бег Сабур, Шарифбеги Давлат, Шариф Соҳибов ва хулоса боз чандин қуда андаҳоятон бештар огоҳ бошед. Чун раиси деҳқонҳо будед, то инки раиси давлат шавед. Ва, солярка, нуриҳои минералӣ ва обро барои деҳқонҳо, ки худашон таъмин карда наметавонанд. Ғами онро бояд давлат бихурад. Яъне Шумо. Вале шумо бохабар ҳастед, ки нархи ин ҳама чизҳое, ки барои ҳосили баланд муҳимманд даҳҳо баробар аз ҳамин Қирғизистони ҳамсоя баландтар аст.

Як ба нархи билетҳои рейсҳои ба самти Русия нигоҳ кунед. Чаро ин тавр? Сокини ноҳияи Муминобод аз Екатеринбург барои Самарқанд билет мехарад. Зеро ба камияш 10.000 рубли русӣ, беш аз 1500 сомонӣ аз нархи билети ҳавопаймои Екатеринбург-Душанбе ва ё Кулоб арзонтар аст. Ана инҷо аст сарфаи маблағ ва сарфаи зиндагӣ. Чаро дар ин бора дам намезанед? Чунки инҷо ғорати мардум аз тарафи худи шумо ва аъзои оилаи шумо сурат мегирад. Аз 31 октябр то нимаи моҳи декабр ба мардум барқ надодед.

Дар тӯли ин муддат як бор ҳам сафар ба минтақаҳо анҷом надодед. Ва мисли муш сар дар хафол карда дар пардаи телевизионҳо ҳам намудор нашудед. Ҳоло, ки чор рӯз нагузаштааст аз додани барқ дубора мардумро таҳдид карда истодаед, ки светатонро мекушам, агарки зиёдтар сӯхтед. Аҷаб аст воқиан. Агар воқиан зиёд сӯхта бошад зиёд пардохт мекунад. Ройгон нест ку?

Ҳоло соляркаро ҳам шумо ва аъзои оилаатон монополия кардаед, нуриҳои минералиро ҳам ва обро ҳам, ки дигар маълум шуд, оптом- оптом ба Узбакистон фурӯхта истодаед. Ва, ҳоло маълум шуд, ки ҳатто дар ҳамин ноябр, ки хонаҳои халоиқ сарду торик буд ва шумо бардурӯғ камобиро, корҳои профилактикиро баҳона овардед, аммо қувваи барқро ба хориҷа фурӯхтаед.

Ин кору бори шумо ҳаст, ки ҳамин ғизои дохили ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-и Ҳасан Асадуллозодаи бародарзанатон ҳам назар бар ҳамсояҳо каму бесифат асту боиси эътирозу шикоятҳо шуд. То ин ҳад гурусначашмӣ ва то ин ҳад носерамӣ… дар ҳақиқат ҳеҷ гоҳ бӯи гушнагии он солҳое, ки ширу ҷурғотро якҷоя карда мехӯрдед аз димоғатон нарафтааст ва намеравад. Дар ин муддати наздики сӣ сол сер нашудед, агар сесад соли дигар ҳам биистед асло сер намешавед. Мебоист дар ҷаласаи ҳукумат ҳамин масъалаи ғизои дохили ҳавопаймо ва инки чаро мардум тариқи Узбакистону Қирғизистон бозмегардандро муҳокима мекардед. Вале чун худ шарикед, сукут мекунед.

Солҳои пеш низ ҳамвора ташвиқ мекардед, ки барои ду солаатон захира кунед ва сари замини лаблабуву наску нахуду капусту бодиринг рафта як зайл барои ду сол захира кунед мегуфтед. 99% мардум захира накард, ба ҷуз аз худи шумо, ки мегӯянд дар таҳхонаи манзили наватон дар Данғара қуттиҳои консерву флягҳои ҳаргуна рӯғанро ба ҷо кардаед.

Ин бор низ то соли 2021 ки кам мондааст, захираро зиёдтар намоед. Чунки дар ҳақиқат шумори мардуми фақиру нодор хеле зиёд мешавад. Ва, онҳоро ин ҳама заминҳое, ки ном бурдед, аз ҷумла замини президентӣ, ки кайҳо фурӯхтаву тикапора шудааст хурондаву пӯшонида наметавонад. Ба Худо зорӣ кунед, ки коронавирус ҳарчи зудтар Русияро тарк кунад ва тоҷикони муздур ва гастарбайтер раванду барои як луқма нони даҳонашон кор кунанд. Зеро аз худи шумо бӯи умед нест.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳе дар Белгия монеи истирдоди зани тоҷик шуд

Як додгоҳ дар Белгия бо судури ҳукм нагузошт зани тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Боздошти як гурӯҳе, ки аз муҳоҷирон бо зӯр пул меситониданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ хабар дод, ки дар Русия аз ҳамватанони муҳоҷир зӯран пул мегирифтаанд.

Мошинҳои ҷадиди бидуни ронандаи Илон Маск ба бозор мебароянд

Илон Маск, раҳбари корхонаи мошинсозии "Tesla" аз роботакси ҷадиди худ бо номи "Cybercab", ки бидуни ронанда аст, рӯнамоӣ кард.

Хонандагони ду мактаб бо табар занозанӣ карданд

Дар як занозанӣ байни хонандагони ду мактаб як донишомӯз захмӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод.