Бузургмеҳр Ёров 20 соли дигар дар зиндон мемонад

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ҳукми зиндони адвокати шинохтаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров боз даҳ соли дигар илова кард. 

Муҳокимаи ин маҳбуси сиёсӣ рӯзи 10-уми июл дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шуд, аммо мақомот пайвандонашро нагузоштанд дар рафти муҳокима ширкат кунанд. 

Додрас Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” гумонбар донистааст. Худи Ёров иттиҳомоти мақомотро дар муҳокимаҳои гузашта сохта номида буд. 

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва раиси бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат ба Аzda.tv ин ҳукмро туҳмат ва бераҳмона номид. Ёров мегӯяд, мурофиаи бародараш пушти дарҳои баста гузашт ва Бузургмеҳр ба адвокат дастрасӣ надоштааст. 

Гуфта мешавад, баъди ҳашт соли дар маҳбас будан ва татбиқи қонуни афв аз ҳукми Бузургмеҳр 10 солу 2 моҳ боқӣ монда буд. Бо ҳукми нав, муҳлати ҷазои ин маҳбуси сиёсӣ баробар ба 20 солу 2 моҳ шуд, ки аз ин 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 18 соли боқимондаро дар маҳбаси Қурғонтеппа адо хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (парвандаи чорум)-ро бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузарониданд. 

Ин парванда бар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” боз шуда буд. Ҳасан Ҳасанов иддао кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз дохили зиндон чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро туҳмати навбатии мақомот номида буд.

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров ин иттиҳоми нави мақомотро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки ба мисли дигар парвандаҳои мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ва ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои дурӯғ, пинҳонкорӣ, бо фишору шиканҷа нисбати гумонбарон ва шоҳидону наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунанд, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.