Бузургтарин ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав аз оғози ҷанг

Украина шаби 17 ба 18-уми августи соли 2026 яке аз густардатарин ҳамлаҳои паҳподии худро аз оғози ҷанг ба самти Маскав анҷом дод. Ба гуфтаи мақомоти Русия, дар ин ҳамла садҳо бесарнишин ба самти пойтахт ва минтақаҳои атрофи он партоб шуданд.

Вазорати дифои Русия эълон кард, ки дар маҷмуъ зиёда аз 600 паҳпод дар қаламрави кишвар раҳгирӣ ва нобуд карда шудааст. Аз ин шумора, даҳҳо бесарнишин ба вилояти Маскав рост меомаданд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфтааст, ки нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ аксари онҳоро пеш аз расидан ба ҳадаф сарнагун кардаанд.

Бо вуҷуди ин, бар асари ҳамла дар чанд минтақаи вилояти Маскав сӯхтор сар зада, ба баъзе иншоот зарар расидааст. Аз ҷумла, яке аз анборҳои бузурги ширкати Wildberries оташ гирифтааст. Мақомоти Русия инчунин аз маҷруҳ шудани чанд нафар хабар додаанд.

Ҷониби Украина то ҳол расман дар бораи ин амалиёт изҳорот надодааст. Аммо расонаҳои украинӣ менависанд, ки ҳадафҳои ҳамла иншооти логистикӣ ва иқтисодие буданд, ки барои таъмини иқтидори низомии Русия истифода мешаванд.

Ин ҳамла дар ҳоле анҷом шуд, ки Русия низ шабона бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳо ба чанд минтақаи Украина зарба зад. Дар ҳафтаҳои охир ҳар ду кишвар ҳамлаҳои ҳавоии худро ба таври назаррас афзоиш додаанд.

Коршиносон мегӯянд, ҳамлаи ахир яке аз бузургтарин амалиёти паҳподии Украина алайҳи Маскав аз оғози ҷанг ба ҳисоб меравад ва нишон медиҳад, ки Киев талош дорад ҳадафҳои воқеъ дар умқи қаламрави Русияро бештар мавриди ҳамла қарор диҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.