6.9 C
Dushanbe

Чаҳор шарваҳни Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба Душанбе истирдод шуданд (Видео)

Рӯзи 16 декабри соли равон шабакаи телевизионии “REN TV”-Русия навореро намоиш дод, ки гуфта мешавад мақомоти қудратии ин кишвар 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштаанд, боздошт намуда, аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Душанбе истирдод карданд.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна боздоштшудаҳоро то фурудгоҳ гусел карда, ба хати убури марзи давлатӣ мебаранд.

Бино ба иттилои ин расона ҳамаи истирдодшудагон бо иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Гуфта мешавад, Додситонии кулли Федератсияи Русия қаблан дар бораи истирдоди ин чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар даст доштан ба як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, қарор қабул карда буд.

“REN TV” бо такя ба маълумоти Додситони кулли Русия дар бораи дастгиршудаҳо дар сомонааш менависад, ки яке аз онҳо дар соли 2009 дар Душанбе ба як шаҳрванди чинӣ бо истифода аз таппончаи пластикӣ ҳамла кардааст. Вай аз ҷабрдида 26 000 долларро рабуда, ба шаҳрванди Чин ҷароҳати сабук расондааст.

Гуфта мешавад, ин мард баъдан дар якҷоягӣ бо як нафари дигар як мардеро, ки аз ӯ 4 ҳазор доллар қарздор будааст, ба хотири барнагардондани қарз бо истифодаи арматур ва корд куштаанд.

Айбдоршавандаҳои дигар бо иттиҳомоти даст доштан дар хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, фиреби шаҳрвандон ва гарон фурӯхтани билетҳои ҳавопаймову суди онро ба манфиати худ ҳал кардан, инчунин ба дуздии ашёи манзилҳои шаҳрвандон айбдор мешаванд.

Аммо дар мавриди ин дастгиршудаҳо ва парвандаи онҳо мақомоти Тоҷикистон то ҳол чизе шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.