23.9 C
Dushanbe

Ҷаласаи фаврии мақомот барои гаронии билетҳои ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав

Пас аз шикояти зиёди шаҳрвандон дар бораи гаронии билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия имрӯз 5 апрел Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон барои ҳалли ин масъала ҷаласаи фаврӣ баргузор кард.

Икром Субҳонзода, директори Агентӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба ин ҷаласа намояндагони Прокуратураи нақлиёт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон низ даъват шуданд. Дар ҷаласа аз ширкатҳои ҳавонавардӣ ва чиптафурӯшҳо талаб карда шуд, ки чиптаҳоро гарон аз нархҳои муайянкардашуда нафурӯшанд.

“Мо ҳанӯз 26 – уми март дархост карда будем, ки нархи рафтуомад аз 500 доллар зиёд набошад, бахусус аз Душанбе ба самти Маскав набояд нархи як чипта марзи 350 долларро убур кунад. Дар чипта ҳам возеҳ навишта шудааст, ки нарх 4 ҳазору 50 сомонӣ аст. Аммо ҳоло ба мо иттилоъ мерасад, ки як чипта то 8-10 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад” – гуфт Икром Субҳонзода.

Субҳонзода дар ҷаласаи имрӯзааш гарон фурӯхтани билетҳоро беинсофӣ хонда мегӯяд: “Чунин вазъ қобили қабул нест, ҳатто як беинсофии калон аст. Метавон гуфт, ки хилофи сиёсати давлат дар мавриди пуштибонии молии қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус муҳоҷирини меҳнатӣ аст. Боз ба такрор мегӯям, ки вазъ истисноӣ аст, чун гузаштаҳо маъмулӣ нест. Аз ин хотир, ширкатҳо ва нуқтаҳои чиптафурӯшӣ бояд масъулият нишон диҳанд”.

Дар ҳамин ҳол, як сокин аз вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Аздо тв” гаронии билетҳоро тасдиқ кард ва гуфт, дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар билет пайдо карда натавонист, билетфурӯшон гуфтаанд, система фаъол нест ба Душанбе раванд. Ӯ мегӯяд, акнун 4 рӯз боз дар Душанбе навбат мепояд ва талош дорад, ки билет харад, вале наметавонад. “Баъзе шиносҳоям то 10 ҳазор сомонӣ билет хариданд, ҳатто медонам онҳоеро, ки то 12 ҳазор ҳам хариданд. Аз Шумо хоҳиш, расонед ба гӯши мақомдорон, ки билетро арзон кунанд”.

Аз ин пештар наворе дар шабакаҳо роҳ ёфта буд, ки як зан аз гарон будани аз ҳад зиёди билетҳо дар назди билетфуршӣ эътироз мекунад. Ӯ мегӯяд, мақомот билетҳоро 4-5 ҳазор муайян кардааст, аммо касе бо ин нарх билет нахаридааст.

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфта, ширкатҳо ваъда доданд, ки барои ислоҳи вазъ иқдом мекунанд ва фурӯши чиптаҳоро таҳти назорати шадид қарор медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, агар вазъ беҳтар нашавад, маҷбуранд дар ин кор бо сохторҳои дахлдор чора андешанд.

Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди мубориза бар зидди каронавируси Русия аз таърихи 25 март эълон шуд, ки ин кишвар парвозҳои мунтазами худро бо Тоҷикистон барқарор мекунад ва тибқи нақшаи аввалӣ ҳафтае як маротиба ширкати русии “UTair” ва як маротиба ширкати “Сомон Эйр” мусофиронро ба Русия хоҳанд бурд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.