26.9 C
Dushanbe

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оташбас эълон шуд

Дар даргирии мусаллаҳонаи шоми 27-уми январ, ки байни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, 2 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуд, айни замон оташбас эълон шудааст.

Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз 10 нафари захмишудагон 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигарашон мардумӣ оддӣ ҳастанд. Ва ҳамчунин ду нафари кушташуда низ шаҳрвандони ғайринизомӣ будаанд.

“Ҳамчунин 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986 сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.”, омадааст дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и  Тоҷикистон.

Нимашаби гузашта мақомоти ду кишвар бо ҳам мулоқот доштанд ва ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки фавран оташбас эълон шуда, то соати 08:00 субҳи 28-уми январ нерӯҳои низомӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз марз ба маконҳои пешинаашон баргардонида шаванд.

Айни замон вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, омилҳои даргирии ин муноқишаи мусаллаҳона аз ҷониби комиссияи муштаракаи сохторҳои дахлдори ҳарду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мақомоти ду кишвар дар даргирии муноқишаи мусаллаҳонаи навбатӣ, ки яке аз сабабҳояш роҳбандӣ гуфта мешавад, ҳамдигарро гунаҳкор медонанд. Пештар мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба истифодаи гранатомиёт ва миноиёт айбдор карда буд, аммо дар навбати худ мақомти тоҷик дар изҳороти субҳи 28-умаш низ ҷониби Қирғизистонро ба ҳамин айб муттаҳам кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.