13.9 C
Dushanbe

“Ҷанг”-и ҳукумати Тоҷикистон бо масҷид

Шояд танҳо дар Тоҷикистон бошад, ки ҳукумати он ба масҷидҳо, макони баргузории ибодати дастаҷамъӣ бо шакку шубҳа менигарад ва дар симову сурати ҳар як намозгузор як нафари даҳшатангез ва ҳаросафканро мебинад. Бо онки дари масоҷид, баъди таваққуфи даҳмоҳа боз шуд, назорати Кумитаи дин ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бар болои хонаи Худо ба таври бесобиқа шиддат ёфтааст.

Аз рӯи ахбор ва маълумоте, ки ба дасти мо мерасад, баҳона танҳо чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус нест, ки намозгузоронро дар масҷидҳо бо мушкил дучор карда бошад.

Ҳузури ходимони амниятӣ дар масоҷид, талабҳои ғайримаъмулӣ ба мисли танҳо дар соати намоз вориди масҷид бишавед ва бо хатми он филфавр тарк кунед, мӯсафедон беҳтар аст, ки ба масҷид наоянд ва дар хона намоз гузоранд, ҳар кадоме ҳатман ҷойнамози худро дошта бошед, барои таҳорату вузӯ аз попӯшҳои масҷид истифода накунед, кафшҳоятонро аз хона оваред, сачоқҳои якмасрафа истифода баред, масофаи иҷтимоиро риоят намоед ва аз ин даст дархосту дастурҳо нигаронӣ ва ташвишҳоеро миёни намозгузорон ба бор овардааст.

Як тан аз онҳое, ки дар се намози ҷумъаи баъди бозшавии масҷидҳо ширкат кардааст, мегӯяд чунин ба назар мерасад,ки мақомот дар амал муқобили омадани мардум ба масҷидҳоанд. Ва,бо вазъи як чунин шароити тоқатшикан талош карда истодаанд, ки шумори намозгузорони масҷид ҳарчи бештар кам шавад. Агарчанде ошкоро сӯҳбат кардан наметавонанд вале аз тарзи рафтору муносибати онҳо одам пай мебарад, ки онҳо аз масҷидҳо эҳсоси бим ва ҳарос мекунанд:

“Масҷиди мо аз шаш тараф бо камераҳо назорат ва наворбардорӣ мешавад. Аммо маълум нест, ки ба кадом мақсад ва бо кадом хотир сафҳои намозгузоронро дар ин намози ҷумъа ҳам наворбардорӣ карданд. Аҳли намоз ба рукуъу суҷуд мераванд,аммо як наворбардор дар даст камера ҳамаи моро ба навор гирифт”.

Бо айни чунин мазмун нома ва паёмакҳои зиёде ҳам ба мо расидааст, ки нишон медиҳад, муносибат ва муомила бо масҷидҳо дар Тоҷикистон баъди боз кардани дари онҳо тамоман тағйир кардааст.

Гуфта мешавад наворбардорӣ дар масоҷид на танҳо дар намози ҷумъа, балки “дар масҷидҳои панҷвақта ҳам идома дорад”. Коре, ки қаблан мушоҳида намешуд.

“Ҳоло агар мақсад ҷилавгирӣ аз сироят ва олудашавӣ аз КОВИД-19 бошад,наворгирии сафҳои намозгузорон барои чӣ? Дар ҳар мавъиза,ки ин чиз таъкид мешавад”.

Наворгириҳои номафҳум ва номаълум дар масҷидҳо нигаронӣ ва ташвишҳоеро миёни мардум ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле, ки ҳам масъулини арсаи тандурустӣ ва ҳам худи раиси ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон дигар ягон нафар бо алоими КОВИД-19 гирифтор нашудааст ва ин беморӣ дар кишвари мо маҳв шудааст, пас, сабту навори намозгузорон ба хотирӣ чӣ аст?

Яъне ин як навъ эъмоли фишори равонӣ ва эҷоди тарсу ҳарос барои намозгузорон аст? Ва, ин як навъе нишон додани мавзеъ ва мавқеъи давлатдорон аст ки намозгузорони Тоҷикистон ба унвони қишри алоҳида таҳти заррабини мақомот қарор доранд? Вале бархурди ғайритабиӣ ва номеҳрубонона бо масҷид ва аҳли намози Тоҷикистон бо ҳамин наворгирии машкук ба анҷом намерасад.

Тибқи маълумотҳои расида ва низ навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ ҳуҷуми густардаеро болои масоҷид ба роҳ мондаанд. Аз ҳамон рӯзи нахусти боз кардани дари масҷидҳо ин ниҳодҳо:- пожарка, санэпидемстансия, водоканал, горсвет, ҷамоат, танзим ва ғайра омада ҳар кадоме бо ҳар баҳона пул талаб карда истодаанд.

Идораи сӯхторхомӯшкунӣ омадааст, ки масҷид белу сатилу қуму балони махсус ва шити зиддисӯхтораш фарсуда шудааст, бояд аз нав бихарад, горсвет омдааст, ки пули барқро бигирад. Маъмури танзими ҷамоат ва ходими идораи амниятӣ барои обунаи газетаи СССР-у Минбари Халқу Ҷумҳурият ва барои таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ омадаанд.

Ҳамаи инҳо пул мепурсанд, ҳатто пешпардохт. Вале касе намегӯяд,чаро ин ҳама пулро намозгузорон ва масҷид бипардозад? Магар масҷид муваззаф аст ки барои Рӯзи Артиш ва ё ки обуна пул бидиҳад? Масҷидҳо дигар ба як майдони ҳарбу зарб, ба ақибгоҳи ҷабҳа бадал шудаанд.

Ҳоло ки саввумин хутба ва ё мавъизаи имомхатибон қироат шуд, ҳамагӣ ба тамҷиду таърифи Пешвои муаззами миллат ва танқиду тавҳини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида шудааст. Касе наметавонад бипурсад, ки масҷид ба ҲНИТ чӣ нисбат дорад?

Масҷид ба Пешвои муаззами миллат, ки ҳатто боре ҳам ба ягон масҷиди кишвар рафтаву намоз нагузоридааст, чи иртибот дорад. Дуруст аст ки раиси ҷумҳурӣ аст вале тибқи қонунҳои кишвар ташкилотҳои динӣ,ки аз давлат ҷудо астанд. Магар масҷидҳо созмонҳои ибтидоӣ ва ячейкаҳои Ҳизби халқӣ-демократианд?

Масҷид рисолат ва миссияи худро дорад. Масҷид хонаи Худо ном дорад ва дар он боястӣ аз умури ислом аз масоили шаръӣ ва аз мушкилоти динӣ бояд суҳбату мавъиза кард. Вале чаро дар Тоҷикистон масҷид-макону маҳалли ибодати дастаҷамъӣ агитатсия ва пропагандаи раиси ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Шаш сол мешавад, ки ҲНИТ баста ва мамнӯъ аст, чаро боз ҳам ҳарфу сухани онро дар масҷидҳо ба такрор зикр мекунанд ва мардумро ҳушдор медиҳанд, ки бо онҳо напайванданд. Мардуме, ки ба масҷид барои ибодат меояд, бо Наҳзат чи кор дорад? Чаро ҳукумат аз ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон фаъолият надорад ин қадар метарсад? Инҷо чӣ бозие ниҳуфтааст? Мақомот бо масҷидҳо чи кор карданианд?

Ҳоло аз масҷидҳо тавре баҳракашӣ карда истодаанд, ки имомхатибҳо на барои насиҳат, на барои даъват, на барои посух ба саволҳову ниёзҳои диниву шаръӣ, барои таблиғ ва ташвиқ фарози минбари пайғамбар мебароянд. Инҷо ташвиқи Эмомалӣ Раҳмон ҷойи ҳама чизро маҳдуд кардааст, гирифтааст.

Таблиғи як нафаре, ки дар тамоми тӯли фаъолияташ ҳанӯз аз оғози ба саҳнаи сиёсат омадан бо шиори “Нест бод ислом” ворид шудаву ҳамин ҳоло ҳам бо сатру ҳиҷобу риш мушкил дорад ва намози занҳо ва ҳузури ҷавонони то 18 дар масҷидро манъ кардааст, диску навори руҳониёни муътабарро аз фурӯшгоҳҳо барчид, худи онҳоро аз минбарҳо пойин овард, дари ҳазорҳо масҷидро дар саросари кишвар барбасту онҳоро ба кинотеатру ба дискоклуб табдил дод.

Садҳо, ҳазорҳо толору маҷлисгоҳҳо дар мактабҳо, донишгоҳҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, нашрияву радиову телевизионҳо камӣ кард, ки боз ӯро дар масҷид кашонида аз ӯ як санам ва бут тарошида истодаанд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосии боз кардани дари масоҷид ҳам ҳамин таблиғу ташвиқи Пешвои миллат ва танқиду бӯҳтон задан ба ҲНИТ ва роҳбарияти он аст.

Чун хуб медонанд, ки новобаста аз онки дар масҷидҳо умдатан кишоварзону коргарону рушанфикрон меоянд, яъне табақа ва гурӯҳҳое,ки ҳастаи ҷомеаро ташкил медиҳанд, онҷоро бояд ба шиддат таҳти фишори ҳамешагӣ қарор бидиҳанд.

Дар ҳар ҳолат масҷид як маконест, ки мардуми дорои касбу пешаи гуногун гирди ҳам меоянд, радду бадал мекунанд, аз ҷумла аз ҳукумату корҳои он ҳам мегӯянду табъан, ки аз муҳоҷирни кориву аз тоҷикони дар табъид ҳам. Аз он нигарон ҳастанд, ки инҷо таҷаммӯъи мардум бидуни ихтиёр ва даъвати онҳо ташкил мешавад.

Бо садои азон ва бо назардошти вақти намоз. Агарчанде садои азонро то ҳадди ношунавоӣ пойин кардаанд. Дар инҷо аксу тасвирҳои Пешвои муаззами миллат овехта намешавад ва дар девору пештоқи он аз вай нақли қавл намекунанд ва “Э.Ш.Раҳмон” наменависанд.

Инҳо бо оёту бо садои Аллоҳу Акбар устувор аст. Барои ҳамин алайҳи он ҷангида истодаанд, агарчанде илоҷ надоштанд, ки дари онро боз накунанд вале бидуни вақфа ва бо говзӯрӣ вориди он шудаву бо аҳли тақво дар афту дарафтанд.

Барои имомхатибони файласуфони атеист мавъиза менависанд ва ин мавъизаҳоро дар саросари кишвар паҳн мекунанд. Инҷо ҷое аст ки назорат ба таври аланӣ ва ошкоро сурат гирифта наметавоанд, мудохила мустақим анҷом дода намешавад. Барои ин кор бояд “отдел” баранд ва “подвал” фароранд.

Навор гирифтан дар масидҳое, ки ҳамагӣ бо дурбинҳои мадорбаста, бо камераҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст, ба ҳамин хотир аст ки намозугузорон “отдел” ва “подвал”-ро аз ёд набароранд ва инки мегӯянд, ки баъди адои намоз оҷилан хонабахона шаванд ҳам ба ҳамин хотир аст: чораҳои эҳтиётӣ, чораҳои пешгирӣ.

Хавфу таҳдиди онҳо аз масҷид ин аст ки бо тамоми таҳдиду фишорҳо инҷо як каме майдон ва саҳна боз аст, чунки дар инҷо ҳарфу аввалу охир ҳарфи Аллоҳу китоби ӯ ва ҳарфи Расули вай аст. Ҳамин Пешвои миллатро ҳам тавре сифат мекунанд, ки дар сояи моликони асосии масҷид намудор бишавад.

Азбаски дар симои намозгузорҳо наметавонад як авангард ва як пайрави пешво ва як узви халқӣ-демократиро бубинанд,ба онҳо машкук ва нобоваранд. Зеро дар масҷид Пешвои муаззам нафари дигар аст. Инҷо хонаи Худо аст ва Худо аз ҳама зӯр аст. Ҷое, ки Раҳмон дар онҷо зӯргӯӣ кунад ҳам зӯр буда наметавонад.

Барои ҳамин инҷоро тавассути тамоми ниҳодҳояш таҳти назорати сангин қарор додааст. Барои ҳамин дар ҳар намози ҷумъа талош мекунад, ки номи ӯро чандин маротиба бигиранд ва аз ӯ ҳам шукр гӯянд. Аз ин ҷиҳат онҳо на танҳо бо намозгузорон,бо Худову расулаш ҳам ҷангида истодаанд. Аммо ин воқеият аст ки ҳукумати феълӣ ва бахусус худи Эмомалӣ Раҳмон ҳар ончи ёфт дар душманӣ ва нест бод ислом ёфтааст.

Ҳамин ҳоло ҳам тоҷикро террорист муаррифӣ карда ҳукумат карда истодааст, пул кор карда истодааст, ман дар хати аввали ҷабҳаи муқовамат бо терроризм  гуфта пул кор карда истодааст, шаби дароз нақшаву барнома кашида “Ансоруллоҳ” сохта пул кор карда истодааст.

Як бор шунидед, ки гуфта бошад ҲХДТ фалон кор кунад, мебандам? Не! Аммо ҳамарӯза таъкиду таъкид дорад, ки агар масҷид ину он кунад, мебандам. Зеро дар ҲХДТ азон намегӯянд, ба фарқ аз ҲНИТ ва ба фарқ аз масҷид.

Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат масҷидҳоро шарикони ҲНИТ ва намозгузоронро тарафдорони потенсиалии он медонанд. Шакку шубҳаи иштибоҳӣ аммо бартарафнашаванда дар мағзу шуури онҳо ва ӯст. Ва, иллати асосӣ ва аслӣ ҳам ҳамин аст ва чап гирифтани масҷид ва эълони ҷанг бо он  ҳам ба ҳамин сабаб аст.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.