26.9 C
Dushanbe

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон субҳи 24-уми апрел сафари корияшро ба вилояти Хатлон аз шаҳри Норак шуруъ карда, чархаи навбатии Нерӯгоҳи барқи обии “Норак”-ро ифтитоҳ кард. Ҳукумат инро қадами муҳим дар роҳи истиқлолияти энергетикӣ меномад, аммо воқеият нишон медиҳад, ки ҳатто бо анҷоми чунин лоиҳаҳо кишвар ҳанӯз ҳам бо камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯст.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, чархаи №7-и НБО “Норак” пас аз навсозӣ ба истифода дода шудааст. Ба гуфтаи онҳо, таҷдиди ин чарха аз моҳи октябри соли 2024 идома дошт. Ва он бо қарзи хориҷӣ ва маблағҳои буҷетӣ анҷом шудааст. Вале миқдори маблағи таҷдиди он гуфта нашудааст.

Бино ба иттилои мақомоти давлатӣ, баъди навсозии чархаи мазкур иқтидори истеҳсолии он афзоиш ёфта, метавонад дар як шабонарӯз то 8 млн кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад.

Аммо ин гуна маросимҳои ифтитоҳӣ дар Тоҷикистон нав нестанд. Солҳои охир ҳар амали хурду бузург, аз ҷумла чунин навсозии қисмҳои нерӯгоҳҳо ҳамчун “дастоварди бузург” муаррифӣ мешаванд, дар ҳоле ки мушкилоти системавии энергетика боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, НБО “Норак” бузургтарин манбаи барқи Тоҷикистон буда, зиёда аз 50% иқтидори умумии кишварро таъмин мекунад. Иқтидори лоиҳавии он 3000 МВт аст, аммо бо сабаби фарсуда шудани таҷҳизот, солҳои охир ин рақам коҳиш ёфтааст.

Бар асоси иттилои манобеъ, аксари чархаҳои ин нерӯгоҳ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ насб шудаанд. Аз ҳамин сабаб, ҳукумат аз соли 2019 ба навсозии марҳилавии онҳо шуруъ кардааст. Тибқи иттилоъ, ҳар як чархаи навшуда метавонад то 12% бештар барқ истеҳсол кунад.

Бо вуҷуди ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳатто навсозии пурраи нерӯгоҳ танҳо “таъмири системаи кӯҳна” аст, на ҳалли решагии мушкил. Бо вуҷуди анҷоми чунин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, Тоҷикистон ҳамоно бо камбуди барқ, бахусус дар зимистон рӯбарӯ аст. Ҳар сол тақрибан тамоми аҳолии кишвар дар зимистон аз маҳдудияти барқ ранҷ мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша иддо мекунанд, ки сабаби камбуди барқ дар зимистон “кам шудани захираи об мебошад”.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар чунин ҳолат, ҳатто агар як ё чанд чархаи нерӯгоҳҳо нав карда шавад ҳам, мушкилоти асосӣ — ноустувории манбаи об ва камбуди идораи умумӣ боқ боқӣ мемонад.




Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.

Дар Русия барои сертификати қалбакии забони русӣ ҷазо сахттар мешавад

Дар Русия пешниҳод шуд, ки барои сохтакории сертификати забони русӣ то 6 соли зиндон пешбинӣ шавад.