21.5 C
Dushanbe

Ҷарима бастани сокинон баҳри чист? Пуркардани буҷаи давлат ё пардохти қарзи “Барқи тоҷик”?

Баъд аз ташкил гардидани гурӯҳи махсус, санҷиши хонаву корхонаҳо дар тамоми манотиқи кишвар ҷараён дорад. Сокинони шаҳри Хуҷанд ва атрофи он аз он шикоят доранд, ки дар баробари пардохти ҳармоҳаи маблағи барқ боз онҳоро ҷарима мекунанд.

Чанд нафар аз сокинони шаҳри Хуҷанд ба шарти бурда нашудани номашон ба “Аздо тв” гуфтанд:

“Мо ҳар моҳа маблағи барқро пардохт мекардем, ҳатто то охирон дирамашро месупоридем, баъди ташкили комиссия кормандони барқ омада бо баҳонаи вайрон будани ҳисобкунаки барқӣ моро ҷарима бастанд”.

Ба гуфтаи сокинон намояндагони барқ ва дигар мақомот дар дасташон як таҷҳизотест, ки гӯё интиқоли ғайриқонунии барқро муайян мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, рӯзона ба хонаи онҳо омадаанд, ки дар хона касе набудааст ва ҳама аз паси кори зиндагӣ будаанд.

Нозирони барқ баъд аз санҷиш иддао кардаанд, ки ҳисобкунак хуб кор намекунад. Ин сокин мегӯяд, ӯ ва ҳамсояҳояшро ба он муттаҳам кардаанд, ки гӯё барқро ғайриқонунӣ дуздида, истифода мебаранд.

“Вақти омадани онҳо дар хона касе набуд, ҳатто мо пеш аз хона баромадан  барқи хонаро ба пурагӣ хомӯш мекунем, онҳо иддао доранд, ки гӯё мо барқӣ дуздӣ дорем, на танҳо як хонаи мо, балки дигар ҳамсояҳоро низ чунин кардаанд”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи нбаъ, ин иттиҳом дар ҳолест, ки ҳоло тамоми ҳисобкунакҳо дар берун  насб кара шудаанд ва ягон нафар чунин имкони дуздӣ надорад.

Дар идома манбаи мо қайд кард, ки кормандони мақомот ва барқ боз дигар роҳро пеш гирифта мегӯянд, ки пулумби ҳисобкунакҳо канда шудааст ё кор намекунад ва бояд онро ба лабаратория баред. Дар асл ҳисобкунакҳо дар ихтиёри нозирони барқ ва раисони бино ҳастанд, вале мардумро ба ҳар баҳона ҷарима мекунанд.

Манбаи “Аздо тв” мегӯяд, ки намедонем ба куҷо шикоят барем, чун моро бо ҳар баҳонаҳои сохта ҷаримабандӣ доранд.

Ба гуфтаи сокинон, маблағи ҷарима аз 1500 сомонӣ шурӯъ шуда, ҳар хонаро ҷаримаи гуногун мебанданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ рӯзи 10 декабри соли равон Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истирдоди зодагони Язгулом аз Русия ва боздошти онҳо дар Тоҷикистон

Пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Дар Душанбе шавҳар зани худро бо корд зад

Бо сабаби даргирии хонаводагӣ як мард дар Душанбе ҳамсари худро бо чанд зарби корд захмӣ кардааст.

СММ хостори озодии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигори зиндонӣ Рухшона Ҳакимоваро талаб кард.

Меҳмони набераи Президентро дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд

Мақомоти Русия блогери озаритабори 30-сола Ҳусейн Ҳасановро барои шустушӯи пул ва напардохтани андоз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ додаанд.