13.9 C
Dushanbe

Чаро “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” варшикаста шуданду “Ориёнбонк” не?

Амволу дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба ҳисоби давлат гузаронида мешаванд. Дар ин бора рӯзи 20 май Эмомалӣ Раҳмон қарори ҳукумати Тоҷикистонро содир кард ва парлумони кишвар низ ризоият дод, ки аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин ду бонк қарзи онҳо дар назди давлат баргардонида шавад.

Соли 2016 бо як қароре Эмомалӣ Раҳмон барои ин бонкҳо, ки дучори буҳрон шуда буданд, 3.3 миллиард сомонӣ аз ҳисоби давлат кӯмак кард. Зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон ин бонкҳоро ҳимоят кард. Аммо ин маблағҳо, ки муҳлати бозгардонии онҳо барои панҷ сол пешбинӣ шуда буд, дар асл сари ин ду бонкро хӯрданд.

Ин ду бонк – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ду бонки асосии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Дар ҳиссаи «Тоҷиксодиротбонк» беш аз 20% ҳаҷми умумии маблағҳои тамоми бонкҳои Тоҷикистон рост меомад. Ва, азбаски ҳардуи ин бонки пурмуштарӣ тақрибан дар тамоми навоҳии кишвар шуъбаҳои худро роҳандозӣ карда буданд, яку якбора варшикасташавӣ ва беш аз ин дар қарзи давлат нишастани онҳо шубҳанок ба назар мерасад.

Дар аввал инро бояд гуфт, ки Муродалӣ Алимардон, раиси «Агроинвестбонк» яке аз бонкирҳои бособиқа аст ва баъид ба назар мерасад, ки ӯ корро то ба ҳадде бикашонад то муассисаи зери раҳбариаш муфлис бишаваду ӯ бехабар бимонад. Ҳамин паҳлуи масъала аз худ ҳазорҳо савол ва шубҳаро ба бор овардааст. Афзун бар ин, дар ҳамин соли 2014 ва 2015 ин бонк аз Росселхозбонки Русия дар ду навбат қариб 100.миллиард рубл сармоя ҷалб карда буд.

Дуввуман, Тоҷиддин Пирзода ҳам «Тоҷиксодиротбонк»-ро хеле нерӯманд карда ва зарфиятҳои молиявии онро боло бурда буд ва маҳз ин муассисаи молиявӣ дар Тоҷикистон «низомсоз» унвон мешуд, ки бесабаб нест. Кору фаъолияти ин бонк то ба ҳадде пешрафт буд, ки то ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ бинои шуъбаи худро сохта ва ба истифода дод.

Худи кашонидани масолеҳи сохтмонии он то Масчо чи қадар хароҷот дорад? Агар вай дар ҳоли банкорот буд чаро дар Данғара бояд чандин бинои баландошёна месохт ва ё сағирахонаи Раштро бо маводи ғизоиву сарулибос таъмин мекард?

Инро ҳам бояд қайд намоем, ки «Тоҷиксодиротбонк» дар тафовут аз «Ориёнбонк» дар ягон бинои давлатӣ «офис» накушодааст. Тамоми «офис»-ҳои ин бонк бо сармоя ва харҷи худи ин бонк сохта шудааст. Барои ин ҳама сохтмонҳо пули зиёд даркор аст ва боварнакарданист, бонке, ки дар арафаи муфлисшавист, даст ба сохтмони биноҳо дар навоҳӣ бизанад.

Сеюм инки, агар ин ду бонки неруманд муфлис шуданд, чаро «Ориёнбонк», ки дар канори онҳо фаъолият мекард, муфлис нашуд? Чаро «Ориёнбонк» дар соли 2014 ва 2015, ки ин бонкҳо ва низ «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бо буҳрон рӯбарӯ шуданд, бо камтарин мушкилӣ гирифтор нашуд. Ҳатто аз ҳукумат қарз ҳам нагирифт. Чаро?

«Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» низ бидуни онки далелу мадраке ба  муштариёни худ ироа бидиҳанд, муфлис эълон шуданд. Бонки миллӣ муҷаввизи ин ду бонкро пас гирифт. Раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев  барои 8-уним сол равонаи зиндон шуд. Аммо ҳанӯзам, ки ҳанӯз аст муштариҳои ин бонк дар суроғи маблағ ҳои худ ҳастанд.

Яъне пасандозҳое, ки умедвор буданд % мехӯраду онҳо соҳиби пули бештар мешаванд. Ҳамин ду се рӯзи пеш чанде аз муштариҳои ин бонк дар як муроҷиати видеоӣ аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикитон хостанд, ки барои гирифтани пулҳояшон аз ин бонк мусоидат намояд.

Аммо бехабар аз он ки дар паси ин ҳама банкротсозии ин бонкҳо Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали Бонки миллӣ ва домоди Эмомалӣ Раҳмон ва худи Эмомалӣ Раҳмон истодааст.

Дар боло ишора намудем, ки «Ориёнбонк» бидуни кадом мушкил ва дардисар марҳалаи буҳронии бонкҳо дар солҳои 2014-2015 ва 2016-ро пушти сар кард. Аммо ин чаҳор бонк ҳам бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, ҳам тамоми дороиҳояшон аз даст рафт, ҳам роҳбари яке аз онҳо зиндонӣ шуд ва ҳам то ба имрӯз наметавонанд, ки муштариҳои худро қонеъ созанд.

3.3 миллиард сомонии ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон барои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба хотири пас гардонидани пасандозҳои муштариҳо дод, амалан як занҷир ва завлонае ба дасту пойи роҳбарони ин бонкҳо буд, ки наметавонистанд мустақилона амал намоянд. Қарзе, ки соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон дод амалан ин ду бонкро ба маҳалли задухӯрд ва талаву тороҷи Нуралиев мубаддал кард.

Як нафар аз масъулони баландпояи Раёсати қарздиҳии «Агроинвестбонк» ҳанӯз дар ҳамон соли 2016 гуфта буд, ки «дигар ин бонкҳоро тамом карданд. Ҳеҷ коре, еҷ санаде, ҳеҷ амалиёте, ҳеҷ додугирифте, бидуни ҳамоҳанги бо Бонки миллӣ сурат намегирад. Хулоса, Нуралиев дар «доля» шишт.

Гап дар инҷо аст, ки Ҷамолиддин Нуралиев аз «Тоҷиксодиротбонк», ки беш аз 2 ва аз «Агроинвестонк», ки чизе бештар аз 1 миллиард сомонӣ аз ҳукумат қарз гирифта буданд, балки дода буданд, дафъатан 200 ва 100 миллион «доля»-и худро гирифт.

Иллати асосии ҳабси Ҷамшед Зиёев, раиси «Тоҷпрмбонк» ҳам ҳамин аст, ки розӣ нашуд аз 400 миллион сомонии пешбинишудаи кредити ҳукумат ба ин бонк 10%- инро ба Ҷамолиддин Нуралиев ҳамчун «доля» бидиҳад.

Барои ҳамин ин бонк натавонист қарзи ҳукуматро бигирад, бадтар аз ин раиси онро зиндонӣ карданд. То ҳамин ҳоло ӯро дар зиндон ҷӯшида истодаанд. Ҳоло ӯ ба унвони «хуса» аст, ки Алимардон ва Пирзодаро тарс медиҳанд. Бародари Алимардонро бар ивази 90 миллион сомонӣ аз ҳабс хариданд.

Воқеият ин аст, ки ин қарзи ҳукумат барои ин бонкҳо дар декабри соли 2016 дар асл ёрӣ ва ҳимоят набуд. Ин як «афера»-и чандсамта буд. Амалан амволи ин ду бонк ба гарав, ба асорати ҳукумат-Раҳмон ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиев даромад. Чуноне тазаккур дода шуд, бо инки ин маблағи қарз дода шуд, дасту пойи ин бонкҳо барои тамоми амалиёти бонкӣ баста шуданд. Бидуни иҷозати Ҷамоиддин Нуралиев коре наметавонистанд бикунанд.

Ҳоло танҳо Тоҷиддин Пирзода як каме дар дастрасии хабарнигорон қарор дорад ва шарҳу тавзеҳ дода истодааст. Вале маълум аст, ки наметавонад асли қазияро бигӯяд. Бигӯяд, ки онҳо имконият доштанд ва доранд, ки кор кунанд. Вале хеле ҳам боэҳтиёт «мефаҳмонад». Аз ҷумла дар мусоҳибааш бо «Озодӣ» гуфтааст, ки як сабаб «овозаҳо» буданд, ки афроди манфиатдор ташкил карданд ва муштариҳоро шӯр ангехтанд.

Маълум аст, ки ин афроди манфиатдор киҳоанд ва киҳоянд, ки дар Тоҷикистон нотарсона овоза месозанд. Инҳо ҳамонҳоеанд, ки феълан «Коммерсбонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Спитаменбонк», «Тавҳидбонк», «Ориёнбонк» ва «Душанбе сити»-ро чархонида истодаанд.

Хонандаи ҳушманди мо огоҳ аст, ки ин ҳама бонкҳо бонкҳои домодҳои Эмомалӣ Раҳмонанд:-бонкҳои Ашраф Гулов, Шамсулло Соҳибов, Ҷамолиддин Нуралиев, Ҳасан Асадуллозода (додарарӯси Раҳмон) ва Муҳиддини Ҳасан-писари Ҳасан Асадуллозода ҳастанд. Ва иллат ва сабаби асосии аз бозори пул ва арсаи молияи Тоҷикистон берун кардани ин чаҳор бонки тайи чор -панҷ соли ахир бардурӯғ ва иҷборан муфлис эълон карда ҳам ҳамин аст, ки бонкҳои домодҳои Раҳмон осону роҳат дар ин соҳа ворид шаванду рақиби ҷиддӣ надошта бошанд.

Раҳмон на танҳо озодиҳои сиёсиву иҷтимоиву диниву матбуотро маҳдуд ва масдуд кардааст, ҳамчунин арсаи иқтисоду тиҷоратро ҳам кайҳост, ки барои дигарҳо ба варта, вале барои худу хонаводаи худ ба водии сарсабзу хуррам бадал кардааст.

Дар қароре, ки Раҳмон имзо кард,таъкид мешавад,ки ин ду бонк қарзҳои давлатро бояд баргардонанд,аз ҳисоби фурӯши молу мулк ва дороиҳо. Ҳоло акнун фаҳмидед,ки Раҳмон чаро барои ин ду бонк қарз дода буд? Барои онки дороиҳои ин бонкҳоро тасарруф ва ғасб кунад.

Кӣ мегӯяд, ки Раҳмон он се миллиарди ҳукуматро ба худи ҳукумат бармегардонад? Ҳам он се миллиард ва ҳам аз миллиард бештар маҳсулоти ин бонкҳоро ӯ ва домодаш ҳамчун «ғанимат» ба яғмо хоҳанд бурд. Вале войи ҷони онҳое аст, ки пулҳои худро аз ин бонкҳо гирифта наметавонанд.

Бори дигар ёдовар бишавам, ки варшикастагии ин ду бонк «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» аз сӯи Раҳмон сохта ва дастӣ ва аз роҳи зӯрӣ буд. Кори табиӣ набуд. Танҳо ҳамин далел, ки чаро ин ду бонк ба буҳрон гирифтор ва ниҳоят муфлис эълон шуданду аммо «Ориёнбонк» чизеаш нашуд, кофист, бигӯем, ки ҳарфи мо ҳавоӣ нест.

Ҳоло агар боз аз зуҳуру ҳузури барқосои «Коммерсбонк» , «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Спитаменбонк», «Тавҳидбонк», «Ориёнбонк»  ва «Душанбе сити» ҳам бигӯем, ҳама чиз яқин ва рӯшан мешавад. Пул ва низоми бонкиву молиявии як давлате бо номи Тоҷикистонро низ акнун танҳо як нафар ва як хонавода идора ва назорат мекунад.

Акнун ин Раҳмон ва хонаводаи вай аст, ки афроде назири Бобаки Занҷонӣ даста даста ба суроғаш мераванд ва баъид нест, ки як рӯзе ин бонкҳои хонавода ба пулшӯӣ муттаҳам хоҳанд шуд. Бовар кунед, ин кор мешавад. Аммо ин доду войи ҳазорҳо ҳазорҳо тоҷик аст, ки ношунавида мемонад ва депозитҳои онҳоро фақат мешавад аз суратҳисобҳои оффшории Раҳмону хонаводаи вай, ки дигар осону роҳат тавассути бонкҳои худашон мунтақил мекунанд, суроғ кард…

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷамолиддин Нуралиев ва ҷойгоҳи ӯ дар назди Раҳмон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.