4.9 C
Dushanbe

Чаро дар Тоҷикистон боз нархи орд боло рафт? Кӣ ва чӣ сабабгори ин гарониҳост?

Хабаргузории “Авесто” аз қавли Агентии омори назди Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки нархи як халта орди 50 килоии тавлиди дохилӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 255 сомонӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз оғози соли нав арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гаронтар шуд. Ҳоло шаҳрвандон як халта ордро ба қимати аз 255 то 260 сомонӣ ва аз ин ҳам гаронтар харидорӣ мекунанд. Ба гуфтаи сокинон аз аввали соли ҷорӣ нархи орд 10 сомонӣ гаронтар шудааст.

Вале бархе аз сокинони минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон гуфтаанд, ки як халта орди истеҳсоли дохилиро ба маблағи 180 -185 сомонӣ харидорӣ мекунанд, истеҳсоли Қазоқистон бошад, 190 -300 сомонӣ расидааст.

Боло рафтани нархи орд дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанде пеш бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе корхонаи коркарди ордро ифтитоҳ намуда буданд.

Бино ба навиштаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ин корхона аз ҷониби “Авесто гурӯҳ” бунёд гардида, ҳамарӯза то 400 тонна гандумро коркард мекунад.

Бино ба иттилои расман тасдиқ нагардида гуфта мешавад, “Авесто гурӯҳ” ширкати мутааллиқ ба Рустами Эмомалӣ буда, вале ба номи дигарон сабт гардидааст.

Ҳамчунин тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, ҳоло ин ширкатро Муҳаммад Мирзо, роҳбарӣ мекунад, ки бародараш ҳамсинфи Рустами Эмомалӣ будааст.

Вале маълум нест, ки баъд аз фаъолияти корхонаи “Авасто гурӯҳ” дар Тоҷикистон орд арзон мешавад ё мисли дигар маҳсулот боло меравад, инро вақт нишон хоҳад дод.

Бино ба иттилои  хадамоти давлатии гумрукӣ дар 11 моҳи соли 2020 аз хориҷ, ба вижа Қазоқистон 874 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қабл 8 дарсад камтар будааст, вале воридоти орд аз Қазоқистон дар ин муддат 78 ҳазору 100 тонна гуфта шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 18 дарсад зиёдтар мебошад.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 50 дарсадаш тавлиди дохилӣ буда ва бақия аз аз Қазоқистон ба кишвар воридот мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.