Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Маскав дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад. Масири мазкур, ки аз соли 2020 ба далели маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи COVID-19 қатъ шуда буд, акнун бори дигар фаъолияташро оғоз кард.

Ба иттилои мақомоти Роҳи оҳани Тоҷикистон, қатор дар марҳилаи аввал ҳар ду ҳафта як маротиба ҳаракат мекунад. Масири он аз қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия гузашта, сафар тақрибан чор шабонарӯз идома меёбад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки азсаргирии ин хат пеш аз ҳама барои муҳоҷирони кории тоҷик аҳамияти калон дорад. Бо назардошти гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо, қатор метавонад барои ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон воситаи нисбатан арзон ва дастрас барои сафар ба Русия бошад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, фаъол шудани ин масир инчунин метавонад ба рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии Тоҷикистону Русия мусоидат карда, равуои мусофиронро афзоиш диҳад. Ҳамзамон таъкид мекунанд, ки ҳаҷми мусофирон танҳо ба мавҷуд будани қатор вобаста нест, балки сиёсати муҳоҷират ва шароити бозори меҳнат дар Русия низ нақши муҳим дорад.

Азсаргирии ҳаракати қатори Душанбе–Маскав яке аз қадамҳои муҳим дар барқарорсозии робитаҳои нақлиётии байналмилалӣ пас аз пандемия арзёбӣ мешавад ва интизор меравад барои ҳазорон мусофир имкони сафарро осонтар гардонад.

Ин дар ҳолест, ки роҳи оҳани Тоҷикистон яке аз ақибмондатарин системаҳои ҳамлу нақл дар минтақа ба шумор рафта, солҳост ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас дар соҳаи роҳи оҳан дар ҷаҳон ва ба истифода додани қаторҳои муосири баландсуръат, қаторҳои ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоно асосан аз давраи Шӯравӣ боқӣ монда, ба таҷдид ва навсозии ҷиддӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи мутахассисон, ин вазъ на танҳо суръати ҳамлу нақлро коҳиш медиҳад, балки ба сифати хидматрасонӣ ва амнияти мусофирон низ таъсири манфӣ мерасонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...

ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

КҲФ рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.

Заминларзаи сахт дар Венесуэла даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи ду заминларзаи пурқувват дар Венесуэла даҳҳо нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.