Матлаб аз саҳифаи фейсбукии рӯзноманигори тоҷик, Ҳумайро Бахтиёр:
Мақомоти Ҷопон тасмим гирифтанд, то ба донишчуёни хориҷие, ки дар он кишвар таҳсил кардаанд, барои пайдои ҷойи кор кӯмак ва мусоидат кунанд. Дар ин бора масъулини донишгоҳҳои Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Дар Тоҷикистон бошад мақомоти кишвар талош доранд, то тамоми афроди таҳсилдида аз кишвар фарор кунанд.
Гурӯҳе аз шаҳрвандони дипломдор барои таъмини оддитарини рӯзгорашон -нон, об, ширу шакар, либосу хонаи гарм ва пардохти пули мактаби бачаҳояшон тарки кишвар карданд.
Гурӯҳи дигари дипломдорҳои тоҷик дар интизори кушода шудани марзҳо ҳастанд ва ҷомадонҳояшон ҳам омода. Барои ин шаҳрвандон фарқ надорад ба куҷо, аммо бояд аз Тоҷикистон бираванд, зеро онҷо ояндае барои бачаҳояшон намебинанд!
Ин барқкушӣ, боло рафтани нарх, боло рафтани қурби доллар, ҷамъ кардани андозҳои панҷсолаву шашсола… ҳама сабабҳои дигари фирор аз ватан хоҳад шуд.
Ман ҳайрон, оё мақомоти Тоҷикистон фикр мекарда бошанд, ки дигар кишварҳо барои таҳсили як кадр чӣ қадар сарф мекунанд?!
Агар фикр мекарданд, мардумро хонагурез намекарданд. Дурӯст аст, ки дар Тоҷикистон аз таваллуд то марг тамоми харҷ бар гардани худи шаҳрвандон аст.
Мардуми тоҷик воқеан сахтҷон ва захматкаш аст. Мо дар сахттарин шароити ҷангиву пас аз ҷангӣ ҳам таҳсилу илмомӯзиро тарк накардем. Ба бемасъулиятии вазорати илму маориф нигоҳ накарда, ба муассир набудани системаи маориф аҳамият надода, мардум ханӯз ҳам мехоҳад ҳарфе барои навиштану хондан биомӯзад…
Дар ҳич кишвари мутамаддин донишомӯзон ба он андозае азоб намекашанд, ки дар Тоҷикистон хор мешаванд.
Дар утоқҳои сард, гурусна ва ба интизориҳои беохири утубусу минибус нигоҳ накарда, падарону модарон фарзандонашонро ба мактабу донишгоҳ мефиристанд…
Ҳукуматро парвои шаҳрвандону шароити онҳо нест. Аламовар аст, ки мардуми тоҷик дар кишвари сероб ва болооби минтақа қарор дорад ва аммо аз барқ хабаре надорад.
Хондани ранҷи мардум аз ин бебарқиву гаронии маҳсулот сахт аст!
Чаро ин ҳамаро мегӯям?
Чунки, мебинам, ки масъулини донишгоҳҳои тоҷик афсари хидматӣ ва обсофкунаки амалҳои ғайриқонунии ҳукумати Тоҷикистон шудаанд. Шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ менишинанд ва ба мардум менависанд, ки аз бебарқиву бепулӣ шикоят накунанд. Сатҳи масъулини донишгоҳҳои кишварро бо дигар кишварҳо қиёс карда, сахт афсус мехурам… мо магар инсон нестем?!
Урупоро ҳам қасдан мисол наовардам!
PS: Инҷо махсус ҳич ишорае аз фишорҳои сиёсӣ ва ё пайгардиву зиндони шудан накардам. Зеро Тоҷикистон натанҳо барои афроди бедор, балки барои ҳама шаҳрвандонаш хатарнок шудааст!
Ҳумайро Бахтиёр, рӯзноманигор
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.