11.9 C
Dushanbe

Чаро марги коргарони афғон дар конҳои ангишити Тоҷикистон таҳқиқ намешавад?

Ҷасади шаш коргари афғон, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ дар дохили як кони истихроҷи ангишт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷон дода буданд, ба зодгоҳҳояшон бурда шуданд.

Гуфта мешавад, ин шаш коргари афғонистонӣ, ки 2-юми ноябри соли ҷорӣ дар дохили кони истихроҷи ангишти ноҳияи Айнӣ кор мекарданд, гази метан таркидааст ва ин шаш нафар дар дохили кон ҳалок шуданд. Ҷасадҳо рӯзи 4-уми декабр ба зодгоҳоҳояшон дар Дайкундӣ ва Бомиёни Афғонистон интиқол дода шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳамин кони ангиш 8 шаҳрванди Афғонистон дар натиҷаи таркиш ҷон бохта буданд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол сабаби ин таркишҳо ва кушта шудани коргарони конро таҳқиқ ва расонаӣ накардааст. Аммо худи коргарони афғонистон ба баъзе расонаҳои форсизабон гуфта буданд, ки вазъи кор дар дохили конҳо хеле хатарнок аст ва шароити муносиб ва амнияти коргарон ба назар гирифта нашудааст.

Расонаи “Афғонистонинтернешнал” дар ин бора як гузориши таҳқиқӣ омода ва нашр кардааст. Тибқи ин таҳқиқоти анҷомшуда, таркиши дохили кони ангишт тасодуфӣ набуда, балки “натиҷаи нодида гирифтани огоҳии мукаррари коршиносони маъдан аз баланд шудани сатҳи хатарноки гази метан будааст.” Ба гуфтаи коргарон, сарпарасти кони ангиш ду моҳ пеш аз ҳодиса дар бораи афзоиши ғайриоддии газ ҳушдор дода буд, аммо ба ҷойи қатъи кор ӯ ҷарима шуда ва фаъолияти кон дар ҳамон шароит идома ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ин гузориш бар асоси мусоҳибаҳои рӯбарӯ бо чаҳор коргари афғон, мутолиаи ду нусхаи шартномаҳои кории онҳо, суҳбат бо масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва як узви аршади ширкати истифодабарандаи кон, инчунин таҳлили қисматҳои калидии Қонуни меҳнати Тоҷикистон таҳия шудааст.

Коргарон шароити кориро “ғайриинсонӣ” ва “ба монанди зиндон” тавсиф мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки пас аз вуруд ба Тоҷикистон шиноснома ва ҳуҷҷатҳояшон аз ҷониби ширкат гирифта мешавад ва то як сол ҳаққи тарк кардани майдони корро надоранд. Дар ҳар утоқ аз 12 то 18 коргарро ҷой медиҳанд ва коргарон то 12 соат дар шароити сахт бе ҳеҷ иловапулӣ кор мекунанд.

Дар ин гузориши таҳқиқоти гуфта мешавад, ки ин кони ангиш аз ҷониби “Комбинати металлургии Тоҷикистон” идора мешавад. Ширкате, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамчун бахше аз як низоми фасодзада тавсиф шудааст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҷалби коргарон аз Афғонистон тавассути шабакаҳои миёнарави фасодзада анҷом мешавад: аз коргарон барои гирифтани виза то 1700 доллар талаб мешавад, дар ҳоле ки арзиши воқеии он тақрибан 300 доллар аст.

Инчунин дар ин гузориш аз ширкати “Фароз” ном бурда шудааст. Гуфта мешавад, ин ширкат соли 2008 аз ҷониби Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, таъсис ёфта, дар муддати камтар аз даҳ сол аз як ширкати хурд ба як гурӯҳи бузурги иқтисодӣ табдил ёфтааст. Ин маҷмуа дар соҳаҳои гуногун аз бонкдорӣ ва энергетика то истихроҷи маъдан, нақлиёт, бима ва савдои масолеҳи сохтмонӣ фаъолият мекунад.

Тибқи гузориши барномаи таҳқиқоти ҷиноятҳои муташаккил ва фасоди созмони OCCRP, дар соли 2018 бо унвони “Тоҷикистон: сарват тавассути издивоҷ”, густариши “Фароз” на натиҷаи рақобати солим, балки маҳсули шабакаи мураккаби пуштибониҳои сиёсӣ, маҳдуд кардани рақибон ва гирифтани имтиёзҳои ноодилон арзёбӣ мешавад.

Гарчанде соли 2019 ин ширкат эълон кард, ки бахше аз фаъолияташро қатъ мекунад ва номи он дар санадҳои андозии соли 2020 дигар ба назар намерасад, мансабдорони соҳавӣ, коргарон ва таҳқиқоти мустақил мегӯянд, ки дороиҳои “Фароз” бо номҳои дигар то ҳол фаъоланд. Ба гуфтаи онҳо, идораи чандин кони ангишт, аз ҷумла кони ҷойи ҳодиса, ҳанӯз ҳам ба таври ғайримустақим зери нуфузи ҳамин шабака қарор дорад. Бахши назаррасе аз ангишти истихроҷшудаи ин конҳо ба Узбекистон ва Покистон содир мешавад.

Бар асоси қонунҳои меҳнати Тоҷикистон, коргарони кони ангишт бояд аз рухсатии солона, суғуртаи тиббӣ ва муҳити кории бехатар бархӯрдор бошанд, аммо коргарони афғон аз ҳамаи ин ҳуқуқҳо маҳруманд. Ҳатто дар ҳолати марг, ба ҷои 60 моҳи маоши қонунӣ, ширкат танҳо 150 то 200 ҳазор афғонӣ (баробар ба 20-27 ҳазор сомонӣ) ба хонаводаи қурбониён пардохт мекунад.

Мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои назоратии Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокуниши ҷиддӣ нишон надодаанд. Сафорати Афғонистон низ эътироф кардааст, ки ба сабабҳои ғайрирасмӣ будани вуруди коргарон, назорат ва ҳимояи онҳо мушкил аст.

Хонаводаҳои қурбониён мегӯянд, ки фарзандони онҳо на барои ҷустуҷӯи сарват, балки барои “як луқма нон” ба ин корҳои сахт рӯ оварда буданд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб доранд, ки таҳқиқоти шаффоф анҷом диҳад ва ҳаққи қонунии онҳо дарёфт шавад.

Фоҷиаҳои пай дар пай дар конҳои Суғд, ба гуфтаи коршиносон, нишонаи бозори кории комилан беқонун, фасоди густарда ва сӯистифодаи аз қувваи кории муҳоҷирони афғон аст, гурӯҳе, ки ҳеҷ пуштибонии сиёсӣ ё ҳуқуқӣ надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миёни Русияву Тоҷикистон раводид ҷорӣ мешавад?

Вакили Думаи давлатии Русия Сергей Миронов бори дигар хостори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.

Ҷузъиёти нав дар бораи тасодуфи маргбори тоҷикон дар Лаҳистон

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон дар мавриди тасодуфи маргбори 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаби 30-юми ноябр рух дода буд, ҷузъиёти нав нашр кард.

Путин баъзе пешниҳодоти Трампро дар мавриди сулҳ бо Украина пазируфт

Кремлин рӯзи чоршанбе, 3-юми декабр эълон кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баъзе аз пешниҳодоти Амрикоро дар мавриди поён додани ҷанг дар Украина пазируфтааст.

СҲШ ҳамла ба Тоҷикистонро кори дасти гуррӯҳҳои ҷиноятпеша номид

Созмони Ҳамкории Шанхай бо нашри изҳороте ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки 26 ва 30-уми ноябри соли 2025 рух доданд, маҳкум кард.