Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен боз ҳам аз посухи рӯшан ба суолҳои марбут ба шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ худдорӣ кард.
Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода 16-уми июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки намояндагони Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар мавриди вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, ки ҳарду ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, бо муовини сардори Раёсати идораи зиндонҳо Ҳамид Абдулло мулоқот кардаанд.
Радиои Озодӣ менависад, ки намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон Ҳусниддин Нидоев дар ин нишаст гуфта, ки аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар бораи шиканҷа пурсидаанд ва ба онҳо гуфта шудааст, ки дар ин бора муроҷиате ворид нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, масъулони зиндонҳо ҳамчунин иттилоъ додаанд, ки “айни ҳол, рӯзи 14-уми июл вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ хуб мебошад”.
Бо вуҷуди ин, намояндаи Омбудсмен ба суоли аслӣ оё Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди шиканҷа қарор гирифтааст ё не, посухи мушаххас надода, танҳо ба маълумоти пешниҳодкардаи маъмурони зиндон истинод кардааст, ки иддао доранд “айни ҳол саломатии онҳо хуб арзёбӣ мегардад”.
Ҳамзамон, маълум нест, ки чаро намояндагони Ваколатдори ҳуқуқи инсон барои муайян кардани воқеияти ҳол бо худи маҳбусони сиёсӣ мулоқот накардаанд, то вазъи онҳоро мустақиман аз забони онҳо бишнаванд.
Ёдовар мешавем, ки пайвандони зиндонии сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит дар оғози моҳи июн баъди мулоқот бо ӯ аз шиканҷа шудани вай хабар дода гуфта буданд, ки “ӯро луч дар болои барф нигоҳ дошта, бо дубинка мезананд. Баъди он ӯро дар об нигоҳ медоранд ва сипас дар утоқи танбеҳ ҳабс мекунанд.»
Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит ҳамчунин гуфтаанд, ки ӯ қаблан низ мавриди латукӯб қарор гирифта, сараш кафида ва пардаи гӯшаш дарида буд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони маҳбас ҳангоми санҷишҳои ҳаррӯза ӯро таҳқир карда, бо ӯ муносибати бад мекунанд.
Дертар пайвандони Саидумар Ҳусайнӣ, низ аз идомаи фишор ба ин маҳбуси сиёсӣ ва вазъи нохуби саломатии ӯ дар маҳбас хабар дода буданд.
Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит, муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, соли 2016 дар мурофиаи пушти дарҳои баста ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд. Мақомот онҳоро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор донистаанд, аммо наздикон ва ҳомиёни онҳо ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздошти худсарона низ боздошти Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки онҳоро бидуни ҳеҷ қайду шарт фавран озод намояд. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар посух гуфта буданд, ки гуноҳи Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар маҳкумшудагон исбот шудааст ва онҳоро озод нахоҳанд кард.
Ин бори аввал нест, ки Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен аз посухи рӯшан ба суолҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон худдорӣ мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз он интиқод кардаанд, ки ин ниҳод ба ҷойи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, бештар аз мавқеи мақомоти давлатӣ дифоъ мекунад.
