27.9 C
Dushanbe

Чаро ваъдаи бекор кардани андози роҳ иҷро намешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2012 зимни баррасӣ ва қабули Кодекси нави андоз эълон карда буд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард аз моҳи январи соли 2015 коҳиш ёфта ва баъдан аз 1-уми январи соли 2021 барҳам дода мешавад, вале дида мешавад, ки он суханҳое буданд, ки рӯйи коғаз монда ва то ҳол дар ин масъала ҳеҷ иқдоме гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои “Азия Плюс” Карим Гулмуродзода муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон  гуфтааст, ки  “агар андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард тиқби нақша соли 2021 бекор шавад, буҷети кишвар аз воридоти наздики 600 млн сомонӣ маблағ маҳрум мешавад”.

Дар баробари ин Эмомали Раҳмон дар паёмаш ба парлумон 23 апрели соли 2014 изҳор дошта буд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард аз 1 январи соли 2015 кам шуда, аз 1 январи соли 2017 пурра барҳам дода мешавад, вале он ҳам иҷро нагардид, то ба имрӯз идома дорад.

Коршиносон сабаби аслии инро ба кам гардидани буҷаи давлат рабт медиҳанд. Бархеҳо ҳам бар ин назаранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон боре нашудааст, ки аз андози чизе барои мардум кам карда бошад, ба ҷуз ширкатҳои тиҷоратии бузурги наздик ба хонаводаи президенти кишвар. Ва аз эҳтимол дур аст мақомдорони кишвар даст ба чунин сабукие бизананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.

Мулоқоти Эмомалӣ бо Дабири кулли СММ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.

Озодии 10 зиндонӣ бо пардохти 6 миллиард доллар

10 нафар аз зиндониёни эронӣ ва амрикоӣ бо "пардохт"-и 6 миллиард доллар озод шуданд.

Зеленский ҷаҳонро аз оғози ҷанги ҷаҳонии сеюм ҳушдор дод

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина 17-уми сентябр дар мусоҳибае бо...