29.9 C
Dushanbe

Чин аз Исроил хост даст аз иғвогангезӣ дар Фаластин бардорад

Чин Гонг, вазири корҳои хориҷии Чин мегӯяд, қазияи Фаластин масъалаи ҷавҳарӣ дар Ховари Миёна мебошад, аммо вақтҳои ахир бархурди Исроил бо мардуми ин кишвар мақомоти Чинро нигарон кардааст.

Чин Гонг, вазири корҳои хориҷии Чин

Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Чин дар аввалин сафараш ба қитъаи Африқо рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотие дар шаҳри Қоҳираи Миср бо ҳамтои мисрияш Сомеҳ Шукрӣ гуфт, ки “Исроил бояд даст аз таҳрики мардум дар Фаластин бардорад, зеро ин кор авзоъи амниятиро дар минтақа буҳронӣ хоҳад кард.”

Вазири корҳои хориҷии Чин таъкид кард, зулми торихие, ки муддатҳост мардуми Фаластин аз он раҷ мекашанд, набояд идома ёбад ва бояд барои истиқрори амнияти минтақа ва ҳалли мушкилоти байни Фаластину Исроил кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дахолат кунанд.

Вазири хориҷаи Чин дар ин нишаст таъкид кард, ки сабаби аслии дастдарозии Исроил ба Қудс ва ҳаргоҳе шиддат бахшидани ноамниҳо дар Фаластин набудани гуфтумону музокироти мусолиматомез байни ин кушвар аст.

Изҳороти вазири корҳои хориҷии Чин дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯз даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Исроил бар зидди тарҳи сарвазири он Бинёмин Натанёҳу дар бораи тағйири низоми додгоҳӣ эътирозҳои густардаеро роҳандозӣ кардаанд.

Коршиносон мегӯянд, ин бор Натанёҳу дар эътилофе бо гурӯҳҳои тундарви мазҳабӣ ва рости ифротӣ ба сари қудрат омад, ки кобинаи ҷадиди ҳукумати ӯ дар тӯли таърихи 70-солаи ин кишвар тундравтарин ва мазҳабитарин давлат ба ҳисоб меравад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.