14.9 C
Dushanbe

Чин иддао дорад, ки 45% замини Тоҷикистон аз ӯст

Шабакаи телвизионии “WIONEWS“-Ҳиндустон дирӯз 4-уми август дар як барномаи таҳлилие гуфт, ки Чин иддао дорад 45 дарсади замини Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти ӯст.

Чанде пеш дар расонаҳои Чин матолибе нашр шуда буд, ки парда аз рӯи муомилоти ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар мавриди  вогузории 1158 километри квадратӣ аз ҳудуди ВМКБ бардоштанд.

Матлабе бо номи  “ТОҶИКИСТОН БО ХОҲИШИ ХУД ҲУДУДИ ЧИНРО БАРГАРДОНД” ВА “СУФАКӮҲИ ГУМШУДАИ ПОМИР БА СОҲИБАШ БАРГАШТ”- ро, ки ба қалами Чу Йао Лу, журналисти таърихнигор тааллуқ дорад чандин расона ва сомонаҳои чинӣ бознашр кардаанд. Хулосаи муаллиф ин аст, ки ин қисмат таърихан моли Чин буд ва бо гирифтани он ҳақиқати таърихӣ барқарор шудааст.

Аз сӯи дигар ин расонаҳои чинӣ менависад, ки Чин бо вогузории кумак ва қарзҳои зиёд дар давраи барои халқи тоҷик душвор тавонист, ки порае аз хоки аз дастрафтаашро баргардонад. Яъне муаллифони ин мақолаҳо бо сароҳат мегӯянд, ки бар ивази кумак ва қарзҳои чинӣ Тоҷикистон “замини аз дастрафтаи Чинро” ба ӯ бозгардонд. Инчунин ин матолиб пинҳонкории дигари ҳукуматдорони Тоҷикистонро фош сохтааст ва он ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба Чин 1100 км.кв, додааст, вале ин расонаҳо аз 1158 км кв сухан гуфтаанд.

Хабари таҳлилии “WIONEWS” низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуда аз чанд паҳлу онро баррасӣ кардааст.

Тарҷумаи комили матнии видео:

Чуноне, ки мо дирӯз дар бораи Ҷазираҳои Молдив хабар дода будем, ки чӣ гуна он аз сабаби гирифтани қарзи зиёд аз Чин қарздор шудааст ва то ба имрӯз дар зери фишори давлати Чин мондааст. Таҳқиқоти имрӯзаи мо оид ба Тоҷикистон аст, ки чихел Чин давлатҳои хурдро ба воситаи қарзҳои зиёд додан, даъвои гирифтани заминҳои онҳоро мекунад.

Биёед мефаҳмонем:

Ин харитаи Чин аст. Берун аз ҳудуди ин харита диққат кунед, Чин  мехоҳад дунёро мутақоид кунонад, ки ин заминҳои атрофи беруни Чин ба худи давлати Чин тааллуқ дорад. Инчунин Пекин даъво кардааст Ладак, ки миёни Ҳиндустону Чин қарор дорад, низ ба Чин тааллуқ дорад. Инчунин аллакай Непал низ дар зери итоати Чин қарор дорад. Чин мехоҳад ба ҳамин восита чанде аз минтақаҳои давлати Бутанро низ аз худ намояд. Инчунин мехоҳад, ки як қисме аз давлати Лаосро низ аз худ намояд. Миёни Чин ва Вейтнам низоъҳо оид ба азхудкунии ҷазираҳои Вейтнам сар задааст. Ба ҳамин монанд Чин даъвои чанде аз кӯҳҳои давлати Кореяи Шимолиро дорад, ки мехоҳад аз они худ намояд. Зиёда аз ин танишҳо ва равобити тунд миёни Кореяи ҷанубӣ ва Чин барои аз худ намудани тамоми масоҳати баҳри ҷанубии Чин ҷараён дорад. Ҳатто Чин даъвои баъзе аз манотиқи сарҳадии миёни Чин ва Руссияро низ дорад.

Агар Тоҷикистон дар ин даъвоҳои Чин истисно шавад, шарм аст! Не Тоҷикистон дар ин даъвоҳои Чин истисно нашудааст. Ҳамзамон Пекин даъвои соҳибшудани баъзе аз заминҳои Тоҷикистонро низ дорад. Ба монанди минтақаи Помир. Минтақаи Помир 45 дарсади масоҳати замини Тоҷикистонро ташкил мекунад. Бубинед, чаро Чин ниме аз давлати мустақилеро даъвои азъудкунӣ дорад? Чин иддао мекунад, ки ин минтақаи Тоҷикистон аз он буд ва барои ҳамешагӣ ба ӯ тааллуқ дорад.

Чанд рӯз пеш дар ин замина муҳаққиқони чинӣ дар расонаҳо мақолаҳое ба нашр расонданд ва дар зимни иддао карданд, ки Помири Тоҷикистон моликияти Чин буд ва дар солҳои охири ҳукумронии сулолаи чинӣ ин минтақаро аз даст додаанд. Муаррихони чинӣ мегӯяанд, ки мардуми Чин бояд бидонанд, ки Помири Тоҷикистон 128 сол инҷониб бо сабаби сиёсатҳои абарқудрати ҷаҳон берун аз Чин мондааст. Ин суханҳоро муаррихи чинӣ Чу Яв Лу гуфтааст. Мо хостем, ки оид ба ин муаррих маълумот паёдо намоем. Мутаассифона ягон маълумоте дастарас карда натавонистем.

Бинобар ин, Чин ба монанди дигар даъвоҳояш, иддао дорад, ки 45 дарсади Тоҷикистон, ба он тааллуқ дорад. Соли 2011 давлати Чин маҷбуран 100 ҳазор километри мураббаъ, яъне 5,5 дарсад замини Помири Тоҷикстонро аз они худ кард. Мутаассифона то имрӯз ҳукумати диктатории Тоҷикистон ин амали ғайриқонунии Чинро расман ба мардуми худ эътироф накардааст. Чин боз кӯшиш намудаистодааст, ки тамоми боқимондаи замини Помири Тоҷикистонро бо истифода аз ҳукумати ҳозираи диктатории Тоҷикистон аз худ намояд.

Соли 2019 дар рӯзномаи “Вашингтон Пост” мақолаҳое нашр шуд, ки дар Помири Тоҷикистон қувваҳои амниятии Чин қарор доранд. Яке аз афсарони чинӣ, ки дар он минтақа қарор доштааст, таъйид намудааст, ки тӯли 3-4 сол мешавад, ки мо дар ин минтақа қарор дорем. Ин даъвоҳо натанҳо даъвоҳои таърихӣ аст, балки дар ин ҷо иқтисод низ нақши муҳим мебозад. Чин мехоҳад, ки ба воситаи қарзи зиёд додан ба Тоҷикистон тамоми минтақаи Помирро аз они худ намояд. Тоҷикистон соли 2017 аъзои созмони “Як камарбанд-Як роҳ” шуд, ки то ҳол тақрибан 350 ширкатҳои чинӣ дар минтақаи Помири Тоҷикистон фаъолияти густурда менамоянд. Ними қарзи берунаи давлати Тоҷикистон аз Чин аст, ки ин 39 дарсад маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар гузашта Тоҷикистон ба воситаи иҷозат додани ҳуқуқи истихроҷи маъданҳо ба Чин қарзҳои худро пардохт менамуд.

Аллакай давлати Чин мақолаҳои зиёди даъвогӣ навишта истодааст, ки Помири Тоҷикистон ба Чин тааллуқ дорад. Дар ин мақолаҳо Чин мегӯяд, ки 7 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарз додаас. Чин мегӯяд, ки Тоҷикистон барои миннатдорӣ ба Чин минтақаи Помирро ба онҳо порча порча пинҳонӣ аз халқи худ туҳфа карда истодааст. Чуноне, ки мо дар боло оид ба ҷазираи Молдив маълумот дода будем, вазъияти Тоҷикистон бадтар аз дигар давлатҳои зикршуда мебошад. Ба хотири он ки ҳукумати ҳозираи диктатории Тоҷикистон ба Чин дар ин минтақа иҷозати сохтмони фурудгоҳ ва қисмҳои ҳарбии худро додааст. Ин амали ҳукумати Тоҷикистон дарсе аст барои тамоми давлатҳои дунё ва мардуми мазлуми Тоҷикистон. Агар ин кор ҳамингуна идома ёфтан бигирад, Тоҷикистон Помирро ба пуррагӣ падруд мегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.