Бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Чорикори маркази вилояти Парвони Афғонистон сели шадиде омода манзилҳои аҳолиро валангор кард. Бар асари ин офати табиӣ то кунун 110 нафар ҷон бохта 120 нафари дигар захмӣ шудаанд, амалиёти наҷотдиҳӣ ҳоло ҳам идома дорад. Бошандагони ин деҳа аз нопадид шудани наздиконашон хабар медиҳанд.
Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар баробари фаромадани селу ярч дар вилояти Парвон инчунин дар 12 вилояти дигари ин кишвар низ фаромадани сел мушоҳида шуда, ки қурбонӣ низ доштааст. Бино бар гузориши Вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводис (Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон) то кунун дар тамоми кишвар адади ҷонбохтагон бар асари ин офатро 160 тан ва шумори захмиёнро 250 нафар эълон кардааст.
Хабаргузории “Орёнонюз” аз ҷои ҳодиса навори як сарбози нерӯҳои ҳавоиро нашр кард, ки ӯ мегӯяд 10 нафар аз хонаводааш дар ин офат ҷон бохтаанд. Дар хонаводаашон ба ҷуз худаш касе зинда намондааст. Ин сарбоз мегӯяд, ҷасади 9 тан аз аҳли хонводаашро пайдо кардааст ба ҷуз ҳамсараш, ки то ҳол пайдо нашудааст.
Дар баробари талафоти инсонӣ ҳамарӯза аз хасорати молии зиёд низ гузориш мешавад. Дар ин ҳол намояндаи Вазорати давлат дар умумри расидагӣ ба ҳаводиси Афғонистон, Ғулом Баҳоуддини Ҷилонӣ ба бахши форсии харагузории BBC гуфта, ки ин селоб 540 манзилро пурра хароб карда ва 2153 манзили дигар қисман хароб шудаанд, инчунин садҳо каналҳои обёрӣ ва ҳазорҳо гектар заминҳои зироатӣ зарар дидаанд.
Ғулом Баҳоуддини Ҷилонӣ намояндаи ин Вазорат гуфта, дар назар аст, барои ҳар хонаводае, ки наздикони худро аз даст додаанд, маблағи 50 ҳазор афғонӣ (ҳудуди 645$) ва хонаводаҳои захмиён 25 ҳазор афғонӣ (миқдори 322$) дода мешавад, ки айни ҳол раванди интиқоли ин маблағ оғоз шудааст.