Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндонҳо изҳори нигаронӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазо изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки чунин ҳолатҳо боиси поймол шудани ҳуқуқи маҳбусон мегарданд. Ӯ рӯзи 14-уми июл зимни ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия аз мақомоти масъул хост, ки низоми назорати дохилии муассисаҳои ислоҳиро бозбинӣ ва назоратро тақвият диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир худи маҳбусон, наздикони онҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз шиканҷа, бадрафторӣ, фишори равонӣ, шароити номусоиди нигоҳдорӣ, сифати пасти ғизо ва норасоии хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Чанде пеш низ наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, ду маҳбуси сиёсӣ, дар суҳбат бо расонаҳо аз шиканҷа, бадрафторӣ ва шароити бади нигоҳдории боздоштшудагон хабар доданд. То кунун мақомоти Тоҷикистон ба ин иддаоҳо вокуниши расмӣ ироа накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон бар ин назаранд, ки чунин изҳорот бештар хусусияти намоишӣ дорад. Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди чунин дастурҳо, дар бораи нақзи ҳуқуқи маҳбусон ва шароити нигоҳдории онҳо тайи солҳои охир ҳамоно гузоришҳо нашр мешаванд ва ба гуфтаи мунтақидон, барои ҳалли ин мушкилот тағйироти ҷиддӣ ба назар намерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...