Қимори Тоҷикистон рӯи истихроҷи литий бар пайи уфти қимати он

Мақомоти Тоҷикистон нақша доранд лоиҳаи истихроҷи литийро дар кони Намадгути ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар давоми соли оянда роҳандозӣ кунанд.

Вазири саноат Шералӣ Кабир иддао кард 80%-и таҷҳизоти зарурӣ аллакай ба кишвар ворид карда шудааст. Лоиҳа гоме барои ҷалби истеҳсолкунандагони электромобилҳо ва аккумуляторҳо муаррифӣ мешавад. Аммо коршиносон ва таҳлилгарони иқтисодӣ аз ҳукумат бинобар махфияти комили лоиҳа интиқод мекунанд.

Гуфта мешавад мақомот ҳаҷми захираҳои литий, миқдори металл дар таркиби маъдан, инчунин арзиши умумӣ ва худкафоии лоиҳаро пинҳон медоранд.

Гузашта аз ин, оғози ин лоиҳа дар пасманзари коҳиши нархи ҷаҳонии литий (ки нисбат ба авҷи соли 2022 70% арзонтар аст) сурат мегирад ва фоидаовар шудани он дар дурнамои кӯтоҳмуддатро зери суол мебарад.

Қимати литий бинобар камбуди истихроҷи он дар чаҳор соли қабл ба авҷи худ расид, аммо бо чанд сабаб бо суръат қиматашро аз даст медиҳад, аз ҷумла: афзоиши бесобиқаи истихроҷи он дар ҷаҳон – аз ҷумла Чин ва Амрикои Лотинӣ, суръати бисёр ками афзоиши фурӯши мошинҳои барқӣ бо фарқ аз пешбинии коршиносон, хавфи бозор аз бештар шудани пешниҳод нисбати талабот ва ғайра.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.