26.9 C
Dushanbe

Чорводуздӣ дар қишлоқҳо зиёд шудааст, вале чаро мақомот барои пешгирӣ чорае намеандешад?

Имрӯз 26 октябр як сокин аз ноҳияи Шаҳринов бо шарти зикр нашудани номаш ба “Аздо тв” хабар дод, ки дар ин ноҳияи мазкур ва ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ говдуздӣ хеле зиёд шудааст.

Ин сокин мегӯяд, рӯзи гузашта ду гови онҳо ва як гови ямсояашонро дуздидаанд. Субҳи рӯзи баъдаш ба молбозор рафтаанд, ки шояд дуздон барои фурӯш говҳоро бозор бароварда бошанд, вале асаре пайдо накарданд.

Ин сокин мегӯяд, ҳатто аз қишлоқҳои гирду атроф ҳам мардум шикоят доранд, ки молҳояшон шабҳангом дуздида мешавад.

“Дуздидани чорво ва ашёи рӯзгор зиёд ба чашм мерасад, ин амал хеле нигаронкунанда аст, мисли солҳои 97-98 шудааст”, – мегӯяд мусоҳиби мо.

Сокинон як гурӯҳ ба пулис муроҷиат кардаанд, вале пулис гуфтааст, мо аз касе шубҳа надорем, ки дастгираш кунем. Агар шумо касеро медонед ва ё нисбаташ шубҳа доред, метавонед ба мо бигӯед то дастгираш кунем.

Сокинон иброз медоранд, ки ин гуна вазъият дар замони баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ мушоҳида мешуд, ки аз хонаҳои мардум чорво ва ё дигар дороиҳояшон дуздида мешуд, вале пулис гунаҳкореро дастгир карда наметавонист. Ин вазъият сокинони Шаҳринавро ба тавшиш овардааст.

Коршиносон сабаби зиёд шудани ҷурму ҷиноят, аз ҷумла дуздида шудани чорвоҳои мардум дар қишлоқҳоро ба бекор мондани ҷавонон ва вазъияти пандемия рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо аз баски роҳҳо бастаасту ҷавонон ба Русия сафар карда наметавонанд ва аксараш ҳам ҷое кор намеёбад, пас нафароне пайдо мешавад, ки даст ба чунин корҳо мезананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.