21.9 C
Dushanbe

COVID-19: 57 бемор дар зиндони №1

Дар зиндони рақами яки пойтахт 57 зинёдонӣ ба коронавирус мубтало гардидаанд, вале мақомот ва зиндонбонҳо сари вақт ба ёрӣ ва муолиҷаи онҳо намешитобанд.

Як манбаъ за дохили кишвар, ки нахост номаш зикр шавад, дар тамос бо “Аздо тв” гуфт:

“Дар муассисаи ислоҳии ЯС 31/1 маъруф ба зиндони рақами яки Душанбе як хешамон зиндонӣ аст, хабар дод, ки дар ин зиндон 57 нафар бо нишонаҳои COVID-19 бемор шудаанд”.

Вуҷуди ин бемориро дасти се манбаъи дигар, ки наздикону пайвандонашон дар ин муассисаи ислоҳӣ ба сар мебаранд ва бо онҳо тамос доранд дар суҳбат бо “Аздо тв” ҳам таъйид кардаанд.

Ин маълумоти зикр шуда, танҳо аз як зиндон аст, ҳолати дигар зиндониёни муассисаҳои ислоҳи ҷазо дар Тоҷикистон номаълум аст. Аксари хонаводаҳои зиндониён аз вазъияти наздиконашон нигаронанд ва намедонанд, ки онҳо дар чӣ ҳолатанд.

Хабари гирифтор шудани маҳбусон ба бемории ҳамагири коронавирус дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон мавҷи дигарбораи ин беморӣ шурӯъ шудааст.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустии кишвар баъд аз паҳн шудани хабарҳои зиёд дар мавриди вуҷуд доштани COVID-19 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои мустақил, 21 июн вуҷуди онро эътироф карданд. Ва ҳамарӯза оморҳои расмӣ байни 20 то 30 гирифтор нишон дода мешавад. Аммо сокинони кишвар ба ин омор бовар надоранд ва мегӯянд, шумораи гирифторон бештар аз онест, ки мақомот мегӯянд.

Чанде пеш баъзе манобеъ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ба “Аздо тв” хабар дода буданд, ки ин беморӣ дар пайтахт ва вилояти Хатлон хеле паҳн гаштааст. Табибон ба зангҳои телефонии беморон посух намедиҳанд ва онҳо маҷбур дар хона табобат мегиранд.

Дар Тоҷикистон то кунун дар чорчӯби барномаи “COVAX” 192 ҳазор воя воксини “Астразенека” ва 300 ҳазор воя воксини “КоронаВак”-и чинӣ ворид шудааст.

Тибқи иттилои ахири Вазорати тандурустии кишвар наздик ба 300 ҳазор шаҳрванд воксин гирифтаанд. Аммо аз ҳолати беморон ва нисбати гирифторон ба коронавирус дар байни зиндониён ва воксин гирфтан ё нагирифтани онҳо гузориши расмие вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.