28.9 C
Dushanbe

CPJ аз мақомот озодии Далер ва дигар рӯзноманигорони зиндониро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри баёнияе барои 10 сол равонаи зиндон кардани рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалиро маҳкум кард ва хостори озоди ӯ шуд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои CPJ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки ҳукми сангини Далери Имомалӣ нишон дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз оғоз бо парванда алайҳи ин рӯзноманигор мехостанд нишон бидиҳанд, ки журналистикаи интиқодии ҷамъиятӣ  ғайриқобили қабул аст. Ба гуфтаи ӯ, афзоиши фишор болои расонаҳои тоҷик барои ҷорӣ кардани худсонсурӣ мебошад.

Дар идома CPJ аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардааст, ки Далери Имомалӣ ва тамоми рӯзноманигорони дигарро, ки ҳоло барои корашон зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунанд ва аз сӯиистифода аз додгоҳ барои “террор”-и боқимондаи матбуоти мустақили кишвар даст кашанд.

Мақомот блогер ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Далери Имомалиро рӯзи 15-уми июн боздошт ва баъдан ӯро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ “Гурӯҳи-24” муттаҳам кард. Худи Далер дар бозпурсиҳо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонуниро қабул карда, вале ҳамкориро бо созмонҳои мамнуъ напазируфтааст. Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад карда буд.

Дар мурофиаи охир, ки шоми 17-уми октябр дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, додрас Даврон Назарзода ин рӯзноманигори ҷавонро барои 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Пештар айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои Далер 10,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Бино ба иттилои манобеи Радииои Озодӣ, Далери Имомалӣ дар сухани охиринаш аз додгоҳ хост, “нисбаташ ҳадди камтарини ҷазо таъйин кунанд”. Аммо ин талаби рӯзноманигор қабул нашуд ва додгоҳ барои ӯ ҷазои вазнин таъйин кард.

Далери Имомалӣ 10 солро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад ва дар баробари он бояд 12 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супорад.

То ҳол ба расонаҳо маълум нест, ки Далери Имомалӣ дар додгоҳ ба ин иттиҳомот чӣ гуна вокуниш нишон додааст ва оё ӯ қасд дорад аз болои ин ҳукм шикоят барад ё не.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори дигари зиндонӣ, ки ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, то замони боздошташон дар шабакаи ютубии “Daleri Imomali”, ки 150 ҳазор обуна дошт фаъолият намуда дар он гузоришҳое, ки вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва шикояти шаҳрвандон аз болои мақомот буд, таҳия мекарданд.  

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон менависад, ки Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҷумлаи шаш рӯзноманигоре мебошанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ҷиноии сангин пушти панҷара нишастаанд ва мақомот аз онҳо барои гузоришҳояшон интиқом гирифтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.