13.9 C
Dushanbe

Дабири кулли СПАД: Ба Тоҷикистон бояд кумак кард

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари таҳдидҳо аз самти Афғонистон бояд ба Тоҷикистон кумак карда шавад.

Хабаргузории давлатии Русия “Тасс хабар додааст, ки 20-уми январ Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар ҷаласаи Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба умури Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), Авруосиё ва Осиёи Марказӣ ба вакилон дар бораи вазъ дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии амнияти дастаҷамъии СПАД маълумот дода, таҳдидҳои аз қаламрави Афғонистон омадаро шарҳ додааст.

Ба қавли манбаъ, Станислав Зас таъкид кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Афғонистон бояд ба Тоҷикистон кумак карда шавад.

Пеш аз ин рӯзи 10-уми январ Александ Лукашенко, президенти Белорус ҳам дар нишасти ғайри навбатии сарони кишварҳои узви СПАД аз сарони ин созмон хоста буд, ки “ба хотири пешгирӣ аз такрори ҳодисаҳои ҳаммонанди Қазоқистон дар Тоҷикистон амниятро таъмин ва ба он кумак кунанд.”

Нигаронии сарони кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли он аз эҳтимоли таҳдиди хатарҳо аз самти Афғонистон дар ҳолест, ки ҷониби Афғонистон, ки дар он Толибон қудратро дар даст доранд, изҳороти ахири Президенти Тоҷикистон дар ин хусусро рад карда, борҳо таъкид кардаанд, ки аз хоки Афғонистон ба қаламрави ҳеч кишваре, ба хусус ҳамсояҳои он ҳеч гуна хатаре таҳдид намекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.