26.9 C
Dushanbe

Вокуниши Толибон ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаракати Толибон дар Афғонистон изҳороти Эмомалӣ Раҳмонро, ки 10-январ дар нишасти ғайринавбатии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ садо дод, бепоя хонда, рад каданд.

Телевизони давлатии Афғонистон бо нашри паёме дар Твиттер аз қавли Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон хабар дод, ки мақомоти ин кишвар изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳузури низомиёни Толибон дар марзи Тоҷикистонро рад карда, онро беасос донистааст.

Муовини сухангӯи Толибон мегӯяд, “Идаоҳои раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҳузури ҷангҷӯён дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон барои фаъолиятҳои даҳшатафканона беасос аст ва мо онро ба шидат рад мекунем.”

Хабаргузории русии ТАСС менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ гуфта, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯз аз рӯз печидатар мешавад: “Ҳолатҳои даргирии Толибон дар марз сурат мегирад. Ҳафтаи гузашта дар як бахши марз беш аз 11 ҷангҷӯи Толибон кушта ва беш аз 18 нафари дигар захмӣ шуданд.”

Эмомали Раҳмон дар нишасти ғайринавбатии сарони СААД гуфт, ки дар он тарафи марзи Тоҷикистон дар Афғонистон беш аз 6000 ҷангҷӯ дар 40 пойгоҳ ҷобаҷо шудаанд ва бар ин асос аз сарони кишварҳои СААД барои тақвият бахшидани ҳифзи амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дархости кумак кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.