Дафтари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба се вилояти шарқии Афғонистон дастикам 28 ғайринизомӣ кушта ва 49 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар байни қурбониён занону кӯдакон низ ҳастанд.
UNAMA рӯзи 29-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳамлаҳо шаби якшанбе дар вилоятҳои Пактиё, Пактико ва Кунар анҷом шуда, шумораи қурбониён метавонад бо идомаи муолиҷаи захмиён дар бемористонҳо афзоиш ёбад.
Тибқи маълумоти СММ, танҳо дар ноҳияи Чамкании вилояти Пактиё бар асари як ҳамлаи ҳавоӣ 22 ғайринизомӣ кушта ва 47 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ҳамлаи дигар дар вилояти Пактико шаш нафар ҷон бохтаанд ва дар вилояти Кунар ду кӯдак захмӣ шудаанд. UNAMA гуфтааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳоро идома медиҳад ва аз ҳамаи тарафҳо хостааст принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро, аз ҷумла ҳифзи аҳолии осоишта, риоя кунанд.
Аз сӯи дигар, мақомоти Покистон тасдиқ кардаанд, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар дар минтақаҳои наздимарзӣ амалиёти ҳавоӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи Исломобод, ҳадафи ҳамлаҳо паноҳгоҳҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла ҷангҷӯёни «Таҳрики Толибони Покистон» (TTP) буданд. Мақомоти Покистон иддао доранд, ки дар ин амалиёт дастикам 29 ҷангҷӯ кушта ва анборҳои силоҳ нобуд шудаанд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом шуданд, ки ҳамагӣ як рӯз пеш аз он дар шаҳри Карочии Покистон ба яке аз марказҳои нерӯҳои вижаи артиши ин кишвар ҳамла сурат гирифт. Ба гуфтаи мақомоти Покистон, дар он ҳодиса се низомӣ кушта шуданд.
Мақомоти ҳукумати Толибон ҳамлаҳоро нақзи соҳибихтиёрии Афғонистон хонда, гуфтаанд, ки аксари қурбониён сокинони осоишта буданд. Сухангӯи ҳукумати Иморати исломӣ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин ҳамлаҳоро маҳкум карда, ҳушдор додааст, ки чунин амалҳо ба танишҳои миёни ду ҳамсоя доман хоҳад зад.
Ин дувумин ҳамлаи ҳавоии Покистон ба дохили Афғонистон дар моҳи июн аст. Муносибатҳои Кобулу Исломобод дар моҳҳои охир ба далели ҳамлаҳои марзӣ ва иттиҳомҳои ҳамдигар дар бораи паноҳ додан ба гурӯҳҳои мусаллаҳ рӯ ба сардӣ овардааст.
