21.9 C
Dushanbe

Дар ду рӯз 3 кӯдаки ноболиғ ғарқ шуд, кӣ гунаҳкор аст?

Рӯзҳои 16 ва 17-уми июни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон се кӯдаки ноболиғ ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо якунимсола буд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании Тоҷикистон хабар дод, яке аз ин кӯдакон, ки 10 сол умр дошт ва сокини деҳаи Худгифи ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд буд, 16-уми июн ҳангоми оббозӣ дар канали обёрии деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ғарқ шуд. Баъд аз ҷустуҷӯ “ҷасади писарбача пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.”

Айнан дар ҳаин рӯз, яъне 16-уми июн боз ҳам дар ноҳияи Зафаробод як писарбачаи 15-солаи сокини деҳаи Обурдони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми оббозӣ дар канали «Тоҷикистон» ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷоти КҲФ тавонистанд ҷасади ин писарбачаро низ пайдо ва ба мақомот тавҳил диҳанд.

Аммо ҳодисаи сеюм дар ноҳияи Лахш рух додааст. Гуфта мешавад, рӯзи 17-уми як кӯдаки сокини деҳаи Балхаки ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш, ки ҳоло дусола набуд, ба ҷӯйборе, ки аз паси хона мегузарад, сарозер шуда, ғарқ шудааст.

КҲФ сабаби аслии ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаҳои нохушро “оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон” донистааст.  

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки “аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар обҳои кишвар 66 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо бачаҳои то 16-сола мебошанд.” 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.