Маъмурони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 14-уми январ як ҷавони 21-солаи сокини пойтахтро бо иттиҳоми бо худ гардондани корд дастгир карданд.
Мақомот аз боздоштшуда Оев Бахтиёр ном бурдааст. Гуфта мешавад, зимни кофтуков аз номбурда як корд ва 22 донаи беҳушкунандаи дорои хусусияти нашъадор, маъруф ба “Лирика” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Дар ҷараёни санҷиш муайян шудааст, ки Оев Бахтиёр қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ зиндонӣ шудааст. Ӯ баъд аз озодӣ боз “ба истеъмоли мунтазами воситаҳои гуногуни нашъадор машғул буда, бо истифода аз силоҳи сард тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекардааст.”
Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи қарори додгоҳ ба ӯ ҷазо дар шакли 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.

Пулиси пойтахт иттилоъ медиҳад, ки дар доираи амалиёти шартии “Корд” чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, рейдҳо ва санҷишҳои пешгирикунанда дар самти ошкор ва пешгирии истифодаи силоҳи сард тақвият дода шудаанд. Мақомот аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки бо эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар пешгирии чунин ҳолатҳо саҳм гузоранд.
Ин дар ҳолест, ки шаби 10 ба 11-уми январи соли 2026 варзишгари ҷавони тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, 19-сола, дар ҷараёни як муноқиша дар яке аз марказҳои бозиҳои компютерӣ бар асари зарбаи корд ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар ҷомеа вокуниши густарда ба бор оварда, боиси нигаронии ҷиддӣ аз вазъи ахлоқӣ ва рафтори ҷавонон гардидааст.
Ба бовари коршиносон, чандин омил ба бадшавии вазъи ахлоқӣ ва рӯй овардани ҷавонон ба ҷиноят ва истеъмоли маводи нашъадор мусоидат мекунад.
Яке аз сабабҳои асосӣ, ба гуфтаи онҳо, камранг шудани нақши падарон дар тарбияи фарзандон мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза, бинобар муҳоҷирати кории аксари падарон ба хориҷ аз кишвар, бисёре аз кӯдакон аз назорат ва роҳнамоии мустақими падарон маҳрум мемонанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки гарчанде модарон нақши муҳим доранд, вале тарбияи комили фарзандон дар танҳоӣ барои онҳо кори осон нест.
Омили дигар дур мондани ҷавонон аз омӯзишҳои динӣ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти он ки беш аз 90 дарсади аҳолии кишвар мусалмонанд, таълимоти динӣ метавонад дар тарбияти ахлоқӣ ва рафтори солими ҷавонон нақши муассир дошта бошад. Дар ислом истифодаи зӯровари масрафи маводи масткунанда мамнуъ гуноҳ шуморида мешавад, ки ин худ метавонад омили боздоранда бошад.
Коршиносон ҳамчунин сифати пасти таълим дар мактабҳо, сарфи беҳудаи вақти ҷавонон дар бозиҳои электронии дорои унсурҳои зӯроварӣ ва дурии падарон ба сабаби муҳоҷирати кориро аз сабабҳои аслии бадахлоқии ҷавонон медонанд.
