Дар Душанбе чанд навраси пайрави сабки “нефор” боздошт шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳ наврасон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, бо тақлид ба фарҳанги бегона тарзи либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва рафтори худро тағйир додаанд. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаеро ба миён овардааст.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон як гурӯҳ наврасонро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардаанд.

Ба иттилои ВКД, санҷиш нишон додааст, ки ин наврасон зери таъсири омилҳои беруна қарор гирифта, ба таври кӯр-кӯрона аз фарҳанг ва сабкҳои хориҷӣ пайравӣ карда, намуди зоҳирӣ, тарзи либоспӯшӣ, рафтор ва гуфтори худро тағйир додаанд.

Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилӣ нашр кардааст, гуфта мешавад, ки наврасон рӯзи 5-уми август дар боғи ба номи Маҳатма Гандӣ дастгир шудаанд. Дар миёни онҳо номи ду нафар Бандишоев С. ва Стефанова О. зикр мешаванд.

Аз рӯи навор, бархе аз ҷавонон мӯйҳои рангоранг, ороиши ғайриоддӣ, ҳалқаҳои металлӣ дар лабу забон ва дигар узвҳои бадан (пирсинг), инчунин холкӯбӣ доранд. Мақомот чунин намуди зоҳириро нишонаи тақлид ба фарҳанги бегона арзёбӣ кардаанд.

ВКД мегӯяд, нисбат ба волидони ин наврасон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо худи наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Ин ниҳод ҳамчунин аз падару модарон хостааст, ки ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, рафтор ва муҳити иҷтимоии онҳоро зери назорат гиранд.

“Нефор” кист?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз корбарон наврасони боздоштшударо намояндагони сабки “нефор” номидаанд.

“Нефор” (аз калимаи русии “неформал”) ин истилоҳ ба ҷавононе ишора мекунад, ки бо тарзи либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва баъзан ҷаҳонбинии худ аз меъёрҳои маъмулӣ фарқ мекунанд. Ин истилоҳ аз ибораи русии “неформальные молодёжные объединения” (гурӯҳҳои ғайрирасмии ҷавонон) гирифта шудааст.

Ин мафҳум дар солҳои 1980–1990 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шуда буд. Он замон мақомоти шӯравӣ бо ин ном ҷавононеро меномиданд, ки ба субкултураҳои ғарбӣ, аз ҷумла панкҳо, рокерҳо, хиппиҳо ва дигар ҷараёнҳои ҷавонон пайравӣ мекарданд.

Имрӯз бошад, дар байни ҷавонон “нефор” бештар ба шахсе гуфта мешавад, ки мехоҳад тавассути мӯйи ранга, либоси ғайриодӣ, пирсинг, холкӯбӣ ё дигар унсурҳои намуди зоҳирӣ инфиродияти худро нишон диҳад ва аз дигарон фарқ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.