Хабар ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе пардохти 100 сомонӣ барои таксиҳо бекор ва иҷозатномадиҳӣ содда мешавад

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти таксиҳо дар Душанберо бекор кунанд.

Дар Душанбе пардохти 100 сомонӣ барои таксиҳо бекор ва иҷозатномадиҳӣ содда мешавад Акс аз Интернет

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ ва низоми квотабандӣ барои фаъолияти таксиҳо дар Душанберо бекор кунанд. Ин қарор рӯзи 23-юми ноябр дар ҷаласаи Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Тоҷикистон қабул шудааст.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта шудааст, ки ҷаласа таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси ин комиссия, баргузор шуда, ба иддаи мақомот, ҳадафи ин тасмим коҳиш додани хароҷоти ронандагон ва бартараф кардани маҳдудиятҳои маъмурӣ мебошад.

Дар ин ҷаласа ба мақомоти масъул супориш дода шудааст, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии низоми навро омода карда, аз 1-уми январи соли 2027 тартиби гирифтани иҷозатномаро тавассути Портали ягонаи хиمматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монанд.

Тибқи ин тартиб, шаҳрвандон метавонанд, ки тавассути низоми ягонаи электронӣ барои гирифтани иҷозатномаи таксӣ муроҷиат кунанд ва бо истифода аз мошинҳои шахсии худ ба таври худшуғл мусофиркашонӣ кунанд.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки то оғози низоми нав миёни ронандагон, аз ҷумла шахсони худшуғл, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Аммо мақомот ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки пардохти 100 сомонӣ аз кадом рӯз қатъ мегардад.

Бояд гуфт, пардохти ҳаррӯзаи 100 сомонӣ, ки аз соли 2025 аз ронандагони таксӣ дар Душанбе ситонида мешавад, боиси норозигии онҳо гардида, ронандагон борҳо шикоят кардаанд, ки новобаста аз он ки ба кор баромадаанд ё даромад гирифтаанд, бояд ин маблағро пардохт кунанд.

Ҳамчунин қисме аз ронандагон аз он шикоят доштанд, ки пас аз муттаҳид шудани аксари ширкатҳои таксӣ ва гузаштани фаъолияташон ба низоми барномаи “Ҷӯра” (Jura) хароҷоташон зиёд шудааст. Онҳо мегуфтанд, ки чунин пардохти ҳатмӣ, дар баробари хароҷоти сӯзишворӣ, иҷораи мошин ва қарзҳои бонкӣ, фишори молиявиро бештар мекунад.ф

Ин масъала моҳи июли соли 2026 низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, он вақт Рустами Эмомалӣ ба масъулон супориш дода буд, ки роҳҳои бекор кардани пардохти 100 сомонӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави танзими фаъолияти таксиҳоро пешниҳод кунанд.

Мавзӯъҳои марбут