13.9 C
Dushanbe

Дар идомаи сафари корӣ дар Хатлон Раҳмон ба аёдати хешу пайвандонаш рафт (Садо)

Сафари кории раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомали Раҳмон аз 24 март ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон идома дорад. Хабаргузории ҳукуматии “Ховар” Мақсади ин сафарҳоро шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ғайра номид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон пас аз сару садоҳо дар бораи ғайб задани ӯ ба муддати чанд ҳафта сӯрат мегирад. Пештар Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфта буд, ки сафари Раҳмон ба Хатлон рӯзи 22 март анҷом хоҳад шуд, аммо ин сафар ду рӯз ба таъхир афтод, ки боиси ҳадсу гумонҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Дар шабакаҳо аз ҷумла гуфта мешуд, ки  президент Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми март ба ин сӯ дар мазҳари ом дида нашудааст ва вазифаҳои ӯро писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Пас аз дӯ рузи ин сару садоҳо Эммалӣ Раҳмон ба Хатлон сафар кард ва то имруз расонаҳои ҳукуматӣ аз кушодану дидани расиҷумуҳр аз чанд чойхонаву тарабхона гузлориш медиҳанд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхонаро дар ноҳияи Кӯшониён ифтитоҳ кардааст.

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии тухмипарварии “Ҳосилот”-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуд ва ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тӯҳфаҳо тақдим кардааст.

Хабаругзории ҳукуматии  “Ховар” дируз 25 март хабар дод, ки сафари кории Президенти Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома дорад. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ — аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон рафтааст.

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Фарзандону наберагони хонадон Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол карда дар васфи ӯ шеърҳо низ қироат кардаанд.

“Ховар” навишта, ки дар Тоҷикистон инсон ва шарафи он дар ҷои аввал меистад. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому эътиқод нисбат ба авлод боиси сарҷамъии хонадон, рафоқати онҳо ва дар маҷмуъ боиси муттаҳидии аҳли ҷомеа мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳоло хонадводаи раиси ҷумҳур дар кишвар тиҷорат ва мансабҳои калидиро дар даст доранд ва Раҳмон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолон барои хоанводагӣ намудани ҳукумат сарзаниш мешавад. Дидорбинӣ аз хонаводаи худи раисҷумуҳур ҳангоми сафари кории президент бори аввал аст.

Сурат: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пештар зимни сафарҳояш дар ноҳияи Турсунзодаву Ҳисор раиси ҷумуҳур аз хонавоадаҳои ба кавли расонаҳои ҳукуматӣ “муқаррарӣ” дидан намуда ва чанд маслиҳат ба бонувони хонаводаҳо ҷиҳати омода кардани қурутобу оши туппа ироа карда буд. Ҳамзамон Раҳмон дар ноҳияи Бохтар як корхонаи коркарди дучархаро бори дувум ифтитоҳ кард.

Ба навиштаи расонаҳо ин корхона Дар шаҳри Бохтар, воқеъ буда як сол пеш бо иштироки нахуствазир Қоҳир Расулзода ифтитоҳ шуда буд. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофӣ аз сӯйи соҳибкор Расул Соҳибназаров бунёд шудааст.

Дар ҳоле, ки расонаҳо як сол пеш дар мавриди ифтитоҳи корхона низ номи ҳамин соҳибкорро зикр кардаанд рушан нест, чаро президенти Тоҷикистон корхонаеро ифтитоҳ кард, ки як сол ба ин сӯ фаъолият дорад. Соли гузашта мақомот дар рӯзи ифтитоҳи корхона гуфта буданд, “дар ин корхона 56 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардидаанд” ва корхона дар шабонарӯз “10 дучарха ва 200 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мекунад”.

Инчунин расонаҳо навиштанд, ки Президент дар идомам ин сафар дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар дар хонаводаи шаҳрванд Фурқат Қосимов, ки аз ӯ низ шаҳрванди “мукаррарӣ” ном бурда мешвад, меҳмон шуд.

Раиси ҷумхур зимни суҳбаташ бо аҳли ин хонавода аз вазнинии зиндагӣ дар шароити пандемия ёдрас шуда гуфт, имсол вазъият аз соли гузашта ҳам вазнинтар мешавад. Раҳмон маслиҳт дода, ки мардум бояд худаш дар шароити ҳамагирӣ эҳтиёт кунад ва ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надиҳад.

“Ин солҳо дар тамоми дунё вазнин мешавад. Соли гузашта хубтар буд, имсол боз вазнинтар мешавад. Ҳозир аллакай дар бисёре аз кишварҳои дунё қимматию қаҳтӣ ва камчинии маводи озуқа омадааст. Дар бисёре аз минтақаҳо хушксолӣ аст”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Перомуни суҳбати Раҳмон, ки  ёдовар шуд, соли оянда аз соли гузашта ҳам вазнинтар меояд ва ширкат накарданаш дар ҷашнҳои наврӯзии имсола ва таъхири сафараш ба Хатлон мо аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ шарҳ пурсидем ӯ чунин мегӯяд. Садоро инҷо бишнавед.

Аздо тв: Иштирок накардани Раҳмон дар ҷашнҳои наврӯзии имсола ва таъхири сафараш ба Хатлонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.