Дар ним соли 2026 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохтанд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 бар асари офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохта, ба иқтисоди кишвар 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Ҳамзамон, дар ҳамин давра 83 нафар, аз ҷумла 33 кӯдак ва наврас, дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои кишвар ғарқ шудаанд.

Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ рӯзи 16 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал дар кишвар 741 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 519 ҳодиса, ё се маротиба бештар мебошад. Аз ҷумла, 123 сел, 508 тарма, 27 сангрезӣ, 26 заминларза, 10 ярч, 27 шамоли сахт, 11 боришоти шадид, 4 ҳолати баландшавии сатҳи об, 4 бориши зиёди барф ва як ҳолати раъду барқ сабт шудааст.

Мақомоти Кумита мегӯянд, ки дар натиҷаи ин офатҳо 7 нафар бар асари сел, 2 нафар дар пайи тарма, як нафар аз сангрезӣ, як нафар аз лағзиши теппа ва як нафари дигар аз шамоли сахт ҷон бохтаанд.

Ба иттилои Кумита, селҳои нимсолаи аввал ба 233 манзил, садҳо иншоот, даҳҳо километр роҳ, хатҳои барқу обёрӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонидаанд. Ҳаҷми зарари воридшуда танҳо ба бахши кишоварзӣ 11 миллиону 737 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода инчунин гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 83 нафар дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд. Аз ин шумора 65 нафар мард, 18 нафар зан ва 33 нафар кӯдакон ва наврасон мебошанд.

Аз рӯи синну сол, миёни ғарқшудагон:

9 кӯдаки то 4-сола; 11 кӯдаки аз 5 то 10-сола; 13 навраси аз 11 то 16-сола; 23 нафар аз 17 то 35-сола; 27 нафар аз 35-сола боло мебошанд.

Ба гуфтаи мақомот, шумораи умумии ғарқшудагон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 нафар камтар аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон 91 нафар, аз ҷумла 45 кӯдак ва наврас, ғарқ шуда буданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 222 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, 6 нафар ҳалок ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 20 миллион сомонӣ зарар расида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.