Дар пайи эътирозҳо барои ҳуқуқи занон дар Ҳирот навраси 16-сола ҷон бохт

Муртазо, яке аз иштирокчиёни 16-солаи эътирозҳои ахир дар Ҳирот, ки зимни пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз ҷониби Толибон захмӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар бемористон даргузашт.

Шабакаи хабарии “Афғонистон Интернешнл” бо истинод ба манобеи маҳаллии худ хабар медиҳад, ки Муртазо дувумин эътирозгарест, ки пас аз тирпарронии нерӯҳои Толибон ба сӯи тазоҳуркунандагон дар минтақаи Ҷабраили Ҳирот ҷон бохтааст.

Пештар Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон тасдиқ карда буд, ки дар ҷараёни эътирозҳо дастикам як наврас бар асари тирпарронии Толибон кушта шуда, чанд нафари дигар дар натиҷаи латукӯб захмӣ шудаанд. Ин ниҳод гуфта буд, гузоришҳо дар бораи марги як нафари дигар низ вуҷуд дорад, ки ҳоло ҳақиқати ин иттилоъ мавриди санҷиш қарор дорад.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, Толибон ҳамчунин ду нафарро бо иттиҳоми наворбардорӣ аз лаҳзаҳои даргирӣ ва тирпарронии нерӯҳои ин гурӯҳ ба сӯи эътирозгарон боздошт кардаанд.

Эътирозҳо дар Ҳирот пас аз он оғоз шуданд, ки мақомоти Толибон 8-уми июн даҳҳо зан ва духтарро ба иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои либоспӯшӣ боздошт карданд. Эътирозгарон дар назди дафтари волии Толибон ҷамъ омада, шиорҳои “Марг бар диктатор” ва “Зан, зиндагӣ, озодӣ”-ро сар доданд ва аз ҳаққи кору таҳсили занон ҳимоят карданд.

Ҳамзамон шаҳрвандони Афғонистон ва фаъолони ҳуқуқи башар дар чанд кишвари ҷаҳон бо занони Ҳирот изҳори ҳамбастагӣ намуда, аз ҷомеаи байналмилалӣ хостаанд, ки дар баробари маҳдудиятҳои Толибон алайҳи занон иқдомҳои амалӣ анҷом диҳад.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, мақомоти расмии Толибон то ҳол вуқуи тирпарониро ба сӯи эътирозгарон ба таври комил рад накардаанд, аммо гуфтаанд, ки нерӯҳои амниятӣ барои “пароканда кардани таҷаммуи ғайриқонунӣ” ва “барқарор кардани назм” иқдом кардаанд. То кунун Толибон омори расмӣ аз кушта ё захмиҳоро мунташир накарда ва иддаоҳои марбут ба кушта шудани муътаризонро таъйид накардааст.

Ҳамчунин, Вазорати Амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон гузоришҳои марбут ба боздошти густурдаи занон ба далели риоят накардани ҳиҷобро рад карда ва гуфтааст, ки бархе гузоришҳо “бузургнамоии расонаӣ” аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Путин муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷиронро дар Русия то 30 рӯз коҳиш дод

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тартиби гузаштани ташхиси ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷиро сахттар мекунад.

Рассом ва мухолифи Русия дар Лаҳистон кушта шуд

Рӯзи дӯшанбе, 15-уми июн, рассом ва паноҳандаи сиёсии рус Семён Скрепетский дар кишвари Лаҳистон кушта шуд.

Дар Душанбе зане бо гумони қатли як мард боздошт шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан бо гумони даст доштан дар қатли як марди 61-сола дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар пасманзари гуфтугӯҳои Трамп бо Путин ва Зеленский, ҳамлаҳо ба Украина идома доранд

Бар асари ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина шаби 15-уми июн дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.