20.9 C
Dushanbe

Дар Русия барои сертификати қалбакии забони русӣ ҷазо сахттар мешавад

Дар Русия пешниҳод шуд, ки барои сохтакории сертификати забони русӣ то 6 соли зиндон пешбинӣ шавад.

Раиси ҳизби “Справедливая Россия” ва роҳбари фраксияи он дар Думаи давлатӣ Сергей Миронов пешниҳод кардааст, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои сохтакории сертификатҳои забони русӣ, ки барои гирифтани шаҳрвандии Русия заруранд, шадидтар карда шавад.

Қарор аст ин лоиҳаи қонун, ки ворид намудани тағйирот ба моддаи 327 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русияро пешбинӣ мекунад ва тибқи он сохтакорӣ ва паҳн намудани чунин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҷинояти алоҳида муайян карда мешавад, рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардад.

Бар гуфтаи Миронов, дар ин лоиҳа барои таҳия, истифода ва ё фурӯши сертификатҳои қалбакӣ, ки донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории онро тасдиқ мекунанд аз ду то шаш соли маҳрумият аз озодӣ бо ҷарима то 500 ҳазор рубл ё баробар ба даромади маҳкумшуда барои муҳлати то се сол, инчунин, эҳтимоли маҳдуд кардани озодӣ барои муҳлати боз то як соли дигар дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин ин вакили рус иддао мекунад, ки меъёрҳои амалкунанда барои чунин ҷиноятҳо сатҳи хатари ҷамъиятии онҳоро пурра инъикос намекунанд, чун айни замон, ҳадди аксари ҷазо барои сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ то ду соли зиндон ва барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷарима ё корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Миронов таъкид карда, ки ҷавобгарии сахттар бояд дар ҳолатҳое татбиқ гардад, ки чунин сертификатҳо бо мақсади фурӯш омода ё барои гирифтани шаҳрвандӣ истифода мешаванд.

Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар солҳои охир барои баланд бардоштани шаффофият ва эътимоднокии низоми додани чунин ҳуҷҷатҳо, дар Русия талабот ба гузаронидани имтиҳонҳо сахттар шудааст ва акнун танҳо муассисаҳои давлатии аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда ҳаққи баргузории онҳоро доранд ва илова бар ин, феҳристи федералии сертификатҳо таъсис дода шудааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, мушкили истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳанӯз ҳам боқӣ монда, сахттар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои чунин қонуншиканиҳоро зарур мешуморад.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷиратӣ аст. Ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд шуда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то “бо пули андози русҳо” ин кор сурат нагирад.

Тайи ду соли ахир дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ нисбат ба солҳои пеш афзоиш ёфта, бо баҳонаи “тансими барномаи муҳоҷират” чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки барои татбиқи онҳо ҳамарӯза дар ин кишвар тафтишу бозҷӯиҳои муҳоҷирон аз ҷониби нерӯҳои қудратии он шиддат гирифтааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар вазъи муҳоҷирон пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронашон муҳоҷирон мебошанд, каме бадтар шуда буд, сиёсатмадорон, бахусус вакилон фазои бадтареро бо суханрониҳои худ ба вуҷуд овардаанд.

Зеро, ба гуфтаи онҳо, соли 2026 дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Справедливая Россия — За правду” ё “Новые люди” талош доранд аз ин фазои мавҷуда дар Русия истифода намуда, курсиҳои худро соли оянда бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.

Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил

Рӯзноманигори лубнонӣ Омол Халил дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби Лубнон кушта шуд.

Дар 20 рӯзи мавсими даъвати сарбозӣ нақша қариб 90% иҷро шуд

Дар давоми се ҳафтаи оғози мавсими даъвати навсарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар нақша дар тамоми ҷумҳурӣ қариб 90 дарсад анҷом ёфтааст.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.