Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Намояндаи Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) ва муовини аввали раиси Кумитаи амният ва мубориза бо коррупсияи Думаи давлатӣ Андрей Луговой гуфтааст, аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ набояд имкони вуруд ва зиндагӣ дар Русияро дошта бошанд, агар худашон дар ин кишвар кор ё таҳсил накунанд.

“Барои кор омадӣ — кор кун. Барои таҳсил омадӣ — таҳсил кун”, — таъкид кардааст Луговой.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои шумори шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия маҳдудияти марҳилавӣ ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи вакил, то охири соли 2027 шумори муҳоҷирон набояд аз 5 миллион нафар бештар бошад ва ин рақам бояд то охири соли 2028 ба 4 миллион ва то соли 2030 ба 3 миллион нафар коҳиш дода шавад.

Тибқи омори намояндагони ДЛПР дар охири соли 2025 дар Русия тақрибан 5,7 миллион шаҳрванди хориҷӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Пешниҳодҳои дигари Луговой марбути бозори кор мебошанд. Ӯ пешниҳод кардааст, ки то соли 2030 ҳиссаи коргарони хориҷӣ дар сохтмон, савдо, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳое, ки шумори муҳоҷирон дар онҳо зиёд аст, то 10 дарсад маҳдуд карда шавад.

Ба назари ӯ, шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, қонунро вайрон мекунанд ё муҳлати қонунии будубошашон ба поён мерасад, бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд.

Ҳамчнин Раиси ЛДПР Леонид Слутский дар навбати худ пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони корӣ низоми раводид ҷорӣ шавад. Бар асоси ин пешниҳод, иҷозаи вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба шартномаи мушаххаси корӣ вобаста ва корфармо бояд барои таъмини ҷойи зист, хидматрасонии тиббӣ, пардохти андоз ва хориҷ шудани коргар аз Русия пас аз анҷоми муҳлати кор масъул бошад.

ЛДПР ҳамчунин пешниҳод дорад, ки ба муҳоҷирони муваққатии камихтисос иҷозаи овардани аъзои оилаашон дода нашавад. Пешниҳоди дигари ҳизб қатъи додани шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирони хориҷӣ аст.

Гуфта мешавад, пешниҳодҳо ҳоло танҳо ташаббусҳои намояндагони ЛДПР мебошанд ва ҳанӯз ба қонун табдил наёфтаанд.

Ин пешниҳодҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. Тибқи гуфтаи коршиносон, иқтисоди ин кишвар то ҳол аз нерӯи кори муҳоҷирон, бахусус дар бахшҳои сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика вобастагии зиёд дорад. Бархе корфармоёни рус низ қаблан ҳушдор дода буданд, ки маҳдудиятҳои бештар метавонанд норасоии қувваи кориро дар бозори кор амиқтар созанд.

Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки чун соли ҷорӣ дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, талош доранд аз ин фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия истифода намуда, шумори курсиҳои худ дар парлумонро бештар кунанд. Пешниҳод кардани масъалаҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.