Вакилони Думаи давлатии Русия масъалаи кам кардани шумори такроран супоридани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон баррасӣ карданд.
Вакили Думаи давлатӣ ва раиси ҳизби “Справедливая Россия — За правду” Сергей Миронов пешниҳод кардааст, ки шумори кӯшишҳои супоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд карда шавад.
Ба иддаои Миронов, низоми амалкунанда маҳдудияте барои такроран супоридани имтиҳон пешбинӣ намекунад ва бисёре аз муҳоҷирон имтиҳонеро, ки барои қонунигардонии будубош ва фаъолияти корӣ дар Русия зарур аст, ҳамчун як расмиёти оддӣ қабул кардаанд.
Ҳизби Миронов дар ин бора ба сарвазири Русия Михаил Мишустин муроҷиати расмӣ ирсол карда, ба гуфтааш, барои аҳамияти имтиҳонро боло бурдан ва мусоидат барои пешгирии сӯиистифодаҳо пешниҳод кардааст, ки шумораи кӯшишҳо то се маротиба кам карда шавад.
Ин вакили Думаи давлатии Русия зикр кардааст, ки имтиҳон бояд воситаи воқеии санҷиши донишҳое бошад, ки барои мутобиқшавии муҳоҷирон ба муҳити ҳуқуқӣ ва забонии Русия заруранд.
Ҳамчунин Сергей Миронов мисли ҳамеша бо овардани чанд ҳодиса, аз ҷумла ҳолатҳои додани ғайриқонунии шаҳодатномаҳои донистани забони русӣ дар Русия, тартиби ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, патентҳои корӣ ва шаҳодатномаҳои забонӣ дар Маскав, хостааст назорат дар соҳаи санҷиши муҳоҷирон сахттар карда шавад.
Бояд гуфт, тибқи қоидаҳои нав аз 1-уми январи соли 2026 шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия метавонанд имтиҳонро бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва фосилавӣ дар 203 марказ дар қаламрави Русия ва берун аз он супоранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар моҳҳои октябр-декабри соли 2025 аз 201 ҳазор муҳоҷир тақрибан 35 дарсади онҳо дар кӯшиши аввал натавонистанд имтиҳони забони русиро супоранд.
Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷиратӣ аст. Ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.
Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд карда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад, то “бо пули андози русҳо” ин кор сурат нагирад.
