18.9 C
Dushanbe

Дар Русия муҳоҷирони Осиёи Марказиро бо ҳиндуҳо иваз мекунанд?

Пас аз ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷири шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия суоле матраҳ мешавад, ки бозори кории Русия аз ҳисоби муҳоҷирони кадом кишвар пур мешавад? 

Ҳукумати Ҳиндустон мегӯяд, ки омодааст шумораи бештари шаҳвардонашро барои кор ба Русия фиристад. Аммо, ба гуфтаи раиси департаменти сиёсати муҳоҷират ва таъмини иҷтимоии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар Прашант Пизе, ҳама чиз ба он вобаста аст, ки Русия чӣ қадар коргар талаб мекунад.

Ба иддаои Пизе, дар Ҳиндустон мутахассисони боистеъдод ва муассисаҳои касбомӯзие, ки барои бозори хориҷӣ равона шудаанд, зиёд ҳастанд ва одамони зиёде ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд дар хориҷ кор кунанд. 

Бояд гуфт, дар солҳои охир шумори муҳоҷирон аз кишварҳои дур, аз ҷумла Ҳиндустон ва кишварҳои африқоӣ, дар Русия  рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Ва ба гуфтаи сафири Ҳиндустон дар Русия Винай Кумар, дар ин кишвар тақрибан 70–80 ҳазор ҳиндӣ кор мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ки Русия мехоҳад сиёсати муҳоҷиратии худро тағйир диҳад ва ҷойи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки ихроҷ ва ё ба ҷанги зидди Украина фиристода мешаванд, бо муҳоҷирон аз кишварҳои дур пур кунанд ва дар оянда аз онҳо низ дар ҷангҳо истифода барад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як марди тоҷик дар Абхозистон ба ҷурми ифротгарӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистони муқими Абхозистон бо иттиҳоми нашри муҳтавои ифротгароӣ дар фазои маҷозӣ боздошт ва ба Русия бозгардонида шудааст.

Мехост 4,4 миллионро тариқи фурӯдгоҳ ба Душанбе барад

Мақомоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Самараи Русия як муҳоҷирро бо иттиҳоми кӯшиши ғайриқонунии интиқоли маблағи калон ба хориҷ боздошт карданд.

Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.

Боз шикоят: Масъулони мактаби №54-и Душанбе волидонро ба дод оварданд

Баъзе аз волидони хонандагони мактаби №54-и ноҳияи синои шаҳри Душанбе аз ҷамъ кардани маблағи "моҳона" шикоят доранд.