Дар Суғд блогерон барои “фаъолияти ғайриқонунӣ” даҳҳо ҳазор ҷарима шуданд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти андози вилояти Суғд 17 блогерро барои “фаъолияти соҳибкорӣ бидуни сабти номи давлатӣ” гунаҳкор дониста, дар маҷмуъ 96,7 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Дар ин бора Сӯҳроб Бобозода, намояндаи Раёсати андози вилояти Суғд, рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то 1-уми июли соли 2026 дар вилояти Суғд 25 блогер ба таври расмӣ ҳамчун андозсупоранда сабти ном шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 нафар бештар мебошад. Онҳо дар шаш моҳи аввали соли равон 273,8 ҳазор сомонӣ андоз пардохтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 дарсад зиёд аст.

Ҳамзамон, Кумитаи андози Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 1-уми июли соли 2026 дар саросари кишвар 130 блогер расман ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар бештар мебошад. Ба иттилои кумита, блогерони сабтиномшуда дар шаш моҳи аввали соли равон 3,9 миллион сомонӣ даромад ба даст оварда, аз он 383,3 ҳазор сомонӣ андоз пардохтаанд.

Бо вуҷуди ин, мақомоти андоз эътироф мекунанд, ки шумораи воқеии блогерон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ бештар аст ва ошкору ба қайд гирифтани онҳо ҳамоно бо мушкилот рӯбарӯ мебошад. Ба гуфтаи кумита, дар нимсолаи аввал ба 26 блогер барои сабти ном шудан ҳамчун андозсупоранда огоҳинома ирсол шудааст.

Блогерон дар Тоҷикистон аз соли 2021 вазифадоранд аз даромаде, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳое чун Инстаграм ва Ютуб ба даст меоранд, андоз пардохт кунанд. Тибқи қонунгузорӣ, блогероне, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунанд, 6 дарсад аз даромади умумӣ ва шахсони ҳуқуқӣ 18 дарсад аз фоидаи соф андоз месупоранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки андозбандии блогерон танҳо ба масъалаи ҷамъоварии даромад барои буҷети давлат маҳдуд намешавад. Ба гуфтаи онҳо, ташкили иттиҳодияҳо ва ба қайд гирифтани блогерон метавонад ба мақомоти давлатӣ имкони назорат бар фаъолияти онҳо ва дар баъзе ҳолатҳо ҷалби онҳо барои таблиғи сиёсати расмии ҳукуматро фароҳам меоварад. Ба назари ин коршиносон, чунин раванд метавонад ба мустақилияти фаъолияти блогерон ва озодии баён таъсир расонад. Аммо мақомоти Тоҷикистон то кунун чунин арзёбиҳоро рад ё шарҳ надода, таъкид мекунанд, ки ҳадафи асосӣ таъмин намудани иҷрои қонунгузории андоз мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.