33.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон 4 рӯз истироҳат эълон шудаст

Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Иди қурбон, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми июни соли ҷорӣ пайҳам меоянд, 4 рӯз истироҳатӣ эълон шудааст.

Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта, ки “Рӯзи ваҳдати миллӣ 27 июн аст ва тибқи ҳисоботи пешакӣ Иди қурбон ба 28 рост меояд.”

Бо назардошти пайҳам омадани ду ид мақомоти кишвар рӯзи шанбе 24-умро корӣ ва рӯзҳои 25,26,27 ва 28-уми моҳи июни соли ҷориро рӯзҳои истироҳатӣ эълон кардааст.

Онҳое, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд, ба ҷойи душанбеи 26-уми июн шанбеи 24-уми ҳамин моҳ кор карда рӯзҳои 25,26,27 ва 28-ум истироҳат хоҳанд кард“, -омадааст дар хабар.

Қаблан баъзе авқот ҳукумати Тоҷикистон барӯзҳои иди исломӣ (Иди Рамазон ва Иди Қурбонр)-ро рӯзҳои корӣ эълон мекард. Аммо имсол чун бо Рӯзи ваҳдати миллӣ рост омадааст, истироҳатӣ эълон гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.