Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Дар ин бора Ҷаҳонбин Ҳакимзода, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар додааст.
Тибқи омори расмии ин ниҳод, дар соли 2025 бар пайи ҳодисаҳои роҳу нақлиётии кишвар 643 нафар ҳалок шуда, 1542 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз сабабҳои асосии зиёд будани талафоти ҷонӣ дар садамаҳои роҳро истифода накардани тасмаи бехатарӣ медонанд. Тибқи иттилои вазорат, танҳо 24 дарсади ронандагон ҳамеша аз тасмаи бехатарӣ истифода мекунанд. Қисми зиёди дигар ронандагон танҳо ҳангоми дидани нозири роҳ тасмаро мебанданд.
Ба гуфтаи мақомот, омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ба зиёд шудани садамаҳо ва талафоти ҷонӣ таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, истифодаи мошинҳои куҳнаву техникаи фарсуда, вазъи баъзе роҳҳо, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сабабҳои асосии садамаҳо номбар мешаванд.
Коршиносон мегӯянд, барои коҳиш додани шумори садамаҳо зарур аст, ки назорат дар роҳҳо пурзӯр гардида, фарҳанги ронандагӣ миёни шаҳрвандон беҳтар карда шавад. Ба гуфтаи онҳо, яке аз мушкилоти ҷиддӣ бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ мебошад, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби надонистани қоидаҳои ҳаракат ва рух додани садамаҳо мегардад.
Ба таъкиди коршиносон, истифодаи тасмаи бехатарӣ низ метавонад дар бисёр ҳолатҳо ҷони ронанда ва мусофиронро наҷот диҳад.
