Дар Тоҷикистон боз андоз аз нақлиёт зиёд шуд

Дар Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он миқдори андоз барои баъзе навъҳои воситаҳои нақлиёт афзоиш меёбад.

Ҳамзамон бар асоси ин тағйирот имтиёзҳои андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои таҳвил ва содироти пахтаву пилла бекор карда мешаванд. Қонунҳои марбут ба ин тағйирот дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ қабул шуда, аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидаанд.

Ба гуфтаи вакили Маҷлиси миллӣ Давлаталӣ Саид, тағйирот ба қисми якуми моддаи 360-и Кодекси андоз пеш аз ҳама ба меъёрҳои андозбандии воситаҳои нақлиёт марбут аст. Тибқи тартиби нав, барои автомобилҳои сабукрави то 350 қувваи асп меъёри ягонаи 20 дарсад аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як қувваи асп муқаррар шудааст. Пеш аз ин барои чунин нақлиёт ду меъёри алоҳида амал мекард: 12 дарсад барои мошинҳои то 250 қувваи асп ва 15 дарсад барои нақлиёти аз 250 то 350 қувваи асп.

Ҳамзамон барои автомобилҳои дорои зиёда аз 350 қувваи асп меъёри андоз 30 дарсад таъйин шудааст. Андоз барои автобусҳо ва микроавтобусҳо низ аз 15 то 20 дарсад боло бурда шуд. Дар айни замон, барои воситаҳои нақлиёти пурра барқӣ имтиёз нигоҳ дошта шуда, соҳибони онҳо танҳо 50 дарсади меъёри муқарраршударо пардохт мекунанд.

Мақомот мегӯянд, ҳадафи ин тағйирот коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ҳангоми баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии андоз, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии маъмурикунонии андоз мебошад.

Қисми дигари тағйирот ба андоз аз арзиши иловашуда марбут аст. Тибқи он, имтиёзҳое, ки то ҳол барои пилла, нахи пахта, калобаи пахта ва пахтаи коркарднашуда пешбинӣ шуда буданд, аз Кодекси андоз хориҷ карда шуданд. Агар то имрӯз таҳвил ва содироти ин маҳсулот аз ААИ озод буданд, акнун онҳо бо тартиби умумӣ андозбандӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, ин тағйирот ба такмили низоми андозбандӣ, фароҳам овардани рақобати баробар миёни субъектҳои хоҷагидор ва густариши заминаи андозбандӣ равона шудааст.

Қаблан низ болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳаҷми андоз таъсир расонда буд. Аз ҷумла, соли гузашта баъди афзоиши нишондиҳанда аз 72 ба 75 сомонӣ, пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт 4,2 дарсад зиёд шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

КҲФ рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.

Заминларзаи сахт дар Венесуэла даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи ду заминларзаи пурқувват дар Венесуэла даҳҳо нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Кушта шудани як фармондеҳи баландпояи ДИИШ дар Сурия

Амрико эълон кард, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимолу ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи ДИИШ кушта шудааст.

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон бо гумони кӯшиши қаллобӣ

Додгоҳи ноҳияи Замбрув (Zambrów)-и Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми кӯшиши қаллобӣ барои се моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.