21.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон вақти баргузории иди Рамазон эълон шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 4-уми апрел пас аз нишасти навбатии худ вақти баргузории иди Рамазон дар кишварро муайян кард.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ин нишаст бо ҳузури раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва аъзои он бургузор гардид.

Зимни нишаст Абдуқодирзода гуфта, ки “мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол иди мубораки Рамазон дар кишвар рӯзи чоршанбе 10-уми апрел фаро мерасад.”

Бино бар ин, Шӯррои уламо бар асоси додаҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар поёни моҳи Рамазонро рӯзи сешанбе 9-уми апрел ва баргузории Идро субҳи рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел эълон кард.

Ба гуфтаи ин ниҳоди динии кишвар, вақти баргузории намози иди Рамазон дар сартосари ҷумҳурӣ соати 6-30 дақиқа баргузор мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.