14.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон бозори “мардикорон” гарм шудааст.

Бино ба гузориши тозаи Радиои Озодӣ бозори ба истилоҳ “мардикорон” дар Душанбе, нисбат ба солҳои қаблӣ серодам буда ва нафарони дар онҷобуда розианд ба маблағи кам ҳам бошад кор кунанд то барои хонаводаашон нон бибаранд.

Яке аз корҷӯён ба номи Хуршед Сангов, ки дар яке аз “мардикорбозор”-и пойтахт дар интизори кор будааст, ба Радиои Озодӣ мегӯяд:

“Се-чаҳор рӯз дар ҳамин ҷо омада меистӣ, баъд як кор меёбӣ. Аз рӯзе, ки карантин шуд ва аз Русия муҳоҷирон баргаштанд, дар ин ҷо низ корҷӯён зиёд шуданд. Пештар дар як рӯз аз 170 то 200 сомонӣ кор мекардем, ҳозир 20-30 сомонӣ меёбем. Ҷавононе ҳастанд, ки ба инҷо меоянд, аммо аслан кор намеёбанд.”

Густариши бемории каронавирус ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро дар Русия бекор гузошт.  Бархе аз онҳо ба хотири набудани ҷойи кор ва шароити зиндагӣ Русияро тарк карданд ва ба Тоҷикистон  баргаштанд, зеро дар Русия пардохти маблағи патент ва иҷораи хона барояшон мушкил буд, вале ба Ватан омадаанд боз мушкилтар гаштааст, аз як тараф  набудани ҷойи кор, аз ҷониби дигар арзон будани  рӯзи корӣ зиндагиашонро вазнинтар кардааст.

Баъзе корҷӯён мегӯянд, ки музди корӣ хеле кам шудааст, ба гуфтаи онҳо пештар агар як метри мураббаи деворро ба 10 сомонӣ “шкатурка” мекардаанд, ҳоло аз набудани кору даромад омодаанд ба 6-7 сомонӣ, ҳатто 5 сомонӣ ҳам онро анҷом диҳанд.

Дар баробари зиёд гардидадидани сафи бекорон то ҳол аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ягон чорае андешида нашудааст, танҳо Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфтааст, дар ин замина барномаеро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибуҳронӣ таҳия кард, ки ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ пешбинӣ намуда буд. Вале чунин бармеояд, ки масъалаи бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи кор дар барномаи зиддибуҳронии ҳукумат пешбинӣ нашудааст.

Коршиноси масоили иҷтимоӣ, Шӯҳрат Латифов дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Аввал инро бояд ба назар гирифт, ки дар бозори меҳнати Тоҷикистон чӣ қадар ҷойи кори ба талабот ҷавобгӯй вуҷуд дорад. Мутаассифона, Тоҷикистон чун кишварҳои дигари Шӯравии собиқ ба ин ҳолате, ки пандемия дер давом мекунад, омодагӣ надошт. Ҳоло бояд комиссияе ташкил шавад, ки дар таъмини сокинон бо ҷойи кор барномаи зиддибуҳронӣ дуруст кунанд. Ҳоло дар Тоҷикистон як чунин барномаи коркардшудае барои ҷалби корҷӯён нест. Корхонаҳои хурде, ки ташкил мешаванд, дар вазъи буҳронӣ ниҳоят кам мебошанд ва тавони ба кор таъмин намудани ҳамаи корҷӯёнро надоранд.”

Пас аз хуруҷи бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳо вазъияти иқтисодӣ дар аксари кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои фақир, ки шаҳрвандонашон бештар ба муҳоҷират мерафтанд, бад шуд.

Аз он ҷумла Тоҷикистон, ки ҳудуди 2 млн шаҳрвандаш дар Русия ва дигар кишварҳо кору зиндагӣ мекунанд, дар ин вазъияти ба вуҷудомада аксарашон ба ҷои кори худ баргашта натавонистанд. Ва ин сабаб шуд, ки сафи бекорон дар кишвар афзоиш ёфта, аз ҳисоби онҳо бозори мардикрон дар пойтахт гарм мешавад.

Аз ин ҳисоб нархи неруйи корӣ дар кишвар низ ба мартоиб поён рафтааст, ки барои нафароне, ки зиндагиашонро аз ин ҳисоб мегӯзарониданд, боз вазнинтар гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.