1.9 C
Dushanbe

Дар зиндони шаҳри Ваҳдат чӣ гузашт?

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иддао дорад, ки дар “ошӯб”-и зиндони Ваҳдат 3 маҳбусро ба қатл расондааст. Аммо ба дасти Azda.tv ҳадди ақал номи 7 маҳбусе расид, ки кушта шудаанд.

Бино ба иддаои ин ниҳод, 3-уми феврали соли ҷорӣ, соати 15:44, 9 маҳбуси Муассисаи ислоҳии №3/2-и шаҳри Ваҳдат бо истифода аз асбобҳои худсохти халандаю бурранда ба нигаҳбонҳо ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 3 корманди муассиса ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш мегӯяд, ки раҳбари тозатаъйини зиндони шаҳри Ваҳдат ва муовинаш шадидан захмӣ шудаанд.

Инчунин Вазорати адлияи кишвар мегӯяд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса зиндонбонон аз силоҳи оташфишон истифода бурда, 3 маҳбусро кушта ва боқимондаи онҳоро дастгир кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз даргирие дар зиндони куҳнаи шаҳри Ваҳдат ва кушта шудани 10 зиндониву захмӣ шудани 4 нигаҳбону чандин маҳбуси дигар хабар дода буд.

Аммо то ҳол ба дасти Azda.tv акс ва номи 7 маҳбусе расид, ки дар ин “ошӯб” кушта шудаанд ва ҳадди ақал аз ҳукми 3 нафари онҳо камтар аз 2 сол боқӣ монда буд. Тибқи маълумоти ба дасти Azda.tv расида, мақомот ҷасадҳои маҳбусонро ба пайвандонаш насупорида, онҳоро шабона пинҳонӣ ба хок супордаанд.

Номи маҳбусоне, ки то ҳол ба дасти Azda.tv расидаанд:

  1. Ҳасанов Суҳроб Сафармадович, соли таваллуд 09.02.1991 буда, ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 31.10.2018 ва саннаи озодӣ 31.10.32)
  2. Ҳасанов Ҷамолиддин Камолиддинович, соли таваллуд 07.03.1986 буда, ба 7,6 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 17.05.2019 ва саннаи озодӣ 17.11.26)
  3. Тилабов Али Тилабович, соли таваллуд 10.07.1993 буда, ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 10.07.2021 ва саннаи озодӣ 10.07.35)
  4. Орузев Шаҳзод Ҷамшедович, соли таваллуд 21.05.2001 буда, ба 19 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 27.05.2021 ва саннаи озодӣ 27.05.40)
  5. Бурҳонов Шуҳрат Муҳамадиевич,соли таваллуд 25.09.1984 буда, ба 12,6 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 12.02.2013 ва саннаи озодӣ 12.08.25)
  6. Ҷураев Маҳмадшариф Бобомуродович, соли таваллуд 14.06.1984 буда, ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 01.08.2023 ва саннаи озодӣ 01.08.36)
  7. Давлатов Фарҳод Саймаҳмадович, соли таваллуд 07.03.1988 буда, ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст (саннаи ҷазо 02.09.2024 ва саннаи озодӣ 02.09.26)

То ҳол маълум нест, ки чаро Вазорати адлияи кишвар шумори кушташудаҳоро камтар нишон дода, номи онҳоро то ҳол нашр накардааст. Ҳамзамон бо гузашти 1 рӯз аз ин ҳодиса дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ҳодисаро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки маҳбусон дар натиҷаи ошӯб кушта шудаанд ё ошӯбе сурат нагирифтааст.

Аммо ин бори аввал нест, ки дар зиндонҳои кишвар ва маҳз дар зиндони шаҳри Ваҳдат задухӯрдҳои суолбарангезе, ки боиси марги зиндониён мешавад, сар мезананд.

Аз ҷумла, шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд задухӯрд миёни зиндонбонон ва зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 23 нафар, аз ҷумла ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб аз ҷониби тарафдорони маҳкумшудаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор ташкил шудааст.

Инчунин 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки тибқи иттилои расмӣ, 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 корманди зиндон кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо чеҳраҳои шинохта, монанди Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) низ буданд. Мақомот он замон низ гуфтанд, ки ошӯбро ҷонибдорони ДИИШ таҳти сарварии Беҳрӯз Гулмурод, писари фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия ба сафи ДИИШ пайваста буд, ташкил кардаанд.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо сохтаи дасти мақомот буда, бо ҳадафҳои мақсаднок роҳандозӣ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Аврупо мехоҳад қонуни муҳоҷиратро бознигарӣ кунад?

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад Қатъномаи соли 1951 дар бораи паноҳҷуёнро бознигарӣ кунад.

Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт

Собиқ додситони кул ва қудои раисҷумҳури Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дабири Шӯрои амнияти кишвар таъйин шуд.

Навбатдории шабонаи сокинони Конибодом идома дорад

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти беш аз ду моҳ аз боздошти бархе гумонбарони ҳодисаҳои хунин дар шаҳри Конибодом ҳанӯз натавонистаанд оромишро дар ин шаҳр таъмин кунанд.

Як узви баландмақоми ҲНИТ аз зиндон озод шуд

Яке аз аъзои аршад ва зиндонии сиёсии Ҳизби наҳзати нсломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуд.