Даргириҳои шидиди низомӣ байни Покистону Афғонистн

Субҳи рӯзи ҷумъа, 27-феврал нерӯҳои ҳавоии Покистон ба шаҳри Кобул ва 5 вилояти дигари Афғонистон ҳамлаҳои густарда анҷом доданд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ ба расонаҳо гуфт, ки артиши Покистон ҳарими ҳавоии Афғонистонро шикаста, ба Кобул, вилоятҳои Кунар, Хуст, Пактико, Лағмон ва Қандаҳор ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода, мардуми ғайринизомӣ ва бегуноҳро ҳадаф қарор додааст.

Ин мақоми Толибон мегӯяд, хушбахтона ҳамлаҳои Покистон бе талафоти ҷонӣ будааст. Аммо мақомоти артиши Покистон дар суҳбат ба расонаҳо иддао карданд, ки ба 73 нуқтаи наздимарзӣ, ки махфигоҳҳои ДИИШ-и Хуросон ва “Таҳрики Толибони Покистон” буданд, ҳамла карда, 18 нуқтаро тасарруф намудаанд ва 133 нафар аз аъзои Тоибонро куштанду 200 нафарро захмӣ карданд.

Сухангӯи Толибон таъкид кард, ки дар посух ба бомборонҳои Покистон, нерӯҳои Иморати исломӣ чанд шаҳр ва мавқеъҳои низомии Покистонро мавриди ҳамлаҳои паҳподӣ қарор доданд. Муҷоҳид мегӯяд, мо дар ин ҳамлаи ҷавобӣ аз ҳаққи худ дифоъ кардем.

Артиши Покистон низ аз кушта шудани 12 нерӯи низомӣ ва захмӣ шудани чандин сарбозаш хабар дод. Исломобод ҳамзамон Толибонро ба он муттаҳам кард, ки пайваста постгоҳҳои марзии онро ҳадаф қарор медиҳанд. Вазири дифои Покистон Хавоҷа Осиф дар изҳороте гуфт, “сабри мо тамом шуд”, ҳамлаҳои имрӯза посух ба дастдарозиҳо ва қонуншиканиҳои Афғонистон дар баробари мо буд.

Танишҳо байни Покистон ва ҳукумати Толибони Афғонистон моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст. Покистон Толибонро айбдор мекунад, ки ба гурӯҳи террористии “Тҳрики Толибони Покистон” (ТТП)-ро паноҳгоҳ додааст, ки ин гурӯҳ аз қаламрави Афғонистон ҳамлаҳои маргбор ба ҳудуди Покистон анҷом медиҳад. Иддаое, ки Толибонро онро рад мекунанд.

Ин аҳм дар ҳолест, ки Покистон ҳафтаи гузашта низ ҳамлаҳои маргбореро ба вилоятҳои Нангарҳор ва Пактика анҷом дод, ки ҳадди ақал 18 нафар кушта шуданд. Исламабод ҳамлаҳоро ҳамчун “дифоъ аз соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ”-и худ медонад.

Аммо сухангӯи ҳукумати Толибон ҳамлаҳои Покистонро “таҷовуз ба соҳибихтиёрӣ ва вайрон кардани ҳуқуқи байналмилалӣ” номид. Ӯ иддао кард, ки ҳамлаҳои қаблии онҳо ба марз “интиқомӣ” буданд ва Покистонро айбдор мекунад, ки “аз мушкилоти дохилии худ (ТТП)” барои таҳдид ба Афғонистон истифода мебарад. Муҷоҳид гуфт: “Мо ҳамеша барои гуфтугӯ омодаем, аммо ҳар амали бадро посух медиҳем”.

Дар пайи даргириҳои имрӯзаи ин ду кишвар, Созмони Милали Муттаҳид, Чин, Эрон ва Русия аз ҳарду тараф даъват карданд, ки мушкилоташонро бо роҳҳои дипломатӣ ва гуфтугӯҳои сиёсӣ ҳал кунанд.

Гуфта мешавад, ин даргириҳои ахир байни ду кишвар оташбасеро, ки бо миёнаҷигарии Қатар соли 2025 ба даст омада буд, комилан аз байн бурд. Дар ҳоли ҳозир ҳарду ҷониб нишон медиҳанд, ки омодаи идомаи амалиётҳои низомӣ зидди ҳамдигар ҳастанд, аммо ҳамзамон аз имкони гуфтугӯ низ ҳарф мезананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.