Даргузашти як муҳоҷири тоҷик дар Олмон

Муҳоҷирони тоҷик дар Олмон аз даргузашти як ҳамватани худ бо номи Усмонов Собитхон хабар додаанд. Ба гуфтаи онҳо, ӯ рӯзи 11 июл аз дунё гузаштааст.

Ба иттилои ҳамватанон, марҳум ҳамчун ронандаи мошини боркаш фаъолият мекард ва соҳиби се фарзанд будааст. Ҳоло ҷасади ӯ дар сардхонаи яке аз муассисаҳои тиббии Олмон нигоҳдорӣ мешавад.

Муҳоҷирони тоҷик барои интиқоли ҷасади марҳум ба Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии маблағро оғоз карда, аз ҳамватанон даъват намудаанд, ки дар ин кори хайр саҳм гузоранд.

То ҳол сабаби марги Усмонов Собитхон расман эълон нашудааст ва мақомоти Олмон низ дар ин бора маълумоти иловагӣ нашр накардаанд.

Дар солҳои охир, бо сахттар шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия, ки яке аз самтҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор мерафт, теъдоди зиёде аз муҳоҷирони тоҷик барои пайдо кардани ҷойи кор ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, муҳоҷират кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.