34.9 C
Dushanbe

Дару тиреза ва минбари масҷиди Красноярскро шикастанд

Дар масҷиди Красноярск марде бо болға дару тирезаҳо ва минбари онро шикаст.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Вареш Артсуняни 27-сола субҳи имрӯз, 24-уми июли соли ҷорӣ вориди масҷиде дар шаҳри Красноярск шуда, баромадгоҳи изтирориро бо тахта маҳкам кардааст. Сипас бо болға ба задани дару тирезаҳо, гулҳо ва минбари масҷид шурӯъ карда, ҳамаро шикастааст. 

Онҳое, ки дар он вақт дар масҷид буданд, кӯшиш карданд, ки ӯро боздоранд, аммо ин мард дар посух ба пирамарде ҳамла карданӣ шудааст. Гуфта мешавад, дар ин амали тахрибкоронаи ин марди 27-сола дар дохили масҷид касе осеб надидааст.

Ин мардро кормандони масҷид боздошта, ба пулис супурдаанд. бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, Арсунян қаблан барои ғоратгарӣ маҳкум шуда, дар сабти номи беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ будааст. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.