Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода ва талаб кардааст, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Дар дастуре, ки рӯзи 2-юми октябр бо имзои вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода содир шудааст, омадааст, ки ҷалби омӯзгорон ба фурӯши либоси мактабӣ, ҷамъоварии пул, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, корҳои ҷалб ба маҳракаи даъвати ҳарби ва обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ғайрисоҳавӣ манъ аст.

Бинобар иттилои АзияПлюс ҳамчунин вазорат дастур додааст, ки аз маоши омӯзгорон барои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, хариди чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, корҳои ободонии муассисаҳои таълимӣ, таъмири мактаб, хариди маводи таълимию методӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ маблағ ситонида нашавад.

Ин дастур дар асоси талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” содир шуда, ҳадафи он пешгирии ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайривобаста ба фаъолияти касбӣ ва ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад.

Вазорати маориф ва илм дар солҳои охир яке аз баҳсбарангезтарин ниҳодҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад ва пайваста дар сархати расонаҳо ва мавриди интиқоди ҷомеа қарор дорад.

Омӯзгорон солҳои зиёд аз ҷалби худ ба корҳои гуногуни ғайритаълимӣ шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, онҳоро ба ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ, обунаи ҳатмии рӯзномаву маҷаллаҳо, фурӯши чиптаҳои театр, фурӯш ва таблиғи либоси мактабӣ, инчунин ҷамъоварии маблағ барои таъмиру ободонии мактаб ва дигар хароҷоти муассисаҳои таълимӣ водор мекарданд.

Ин масъалаҳо солҳои охир борҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуда, омӯзгорон аз мақомоти масъул талаб мекарданд, ки онҳоро танҳо ба иҷрои вазифаи асосии худ — таълиму тарбияи хонандагон ҷалб намоянд.

Ҳоло маълум нест, ки ин дастури нави Вазорати маориф то чӣ андоза дар амал иҷро хоҳад шуд ва оё метавонад ба ин баҳсҳои чандинсолаи омӯзгорон хотима бахшад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) ҳукми боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибонро содир кард.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.